» » » Музди кор дар шароити пандемия


Музди кор дар шароити пандемия

 Музди кор дар шароити пандемия

 

Дар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз санаи 19-марти соли 2020 "Оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи кам кардани таъсири манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳолатҳои башарии бӯҳронӣ” муайян карда шудааст, ки дар рафти ҷалби ходимони соҳаи тиб ва дигар ходимони самти осоиштагии санитарӣ- эпидемиологӣ дар ҷараёни мубориза зидди сирояти коронавирус,  дар асоси музди кори муайянкардашуда, ба миқдори 6 фоизӣ пули ҳаррӯзаи иловагӣ дода шавад.


Дар натиҷаи бурда шудани корҳои тафтишотӣ аз тарафи идораи адлияи вилояти Самарқанд муайян гардид, ки ба баъзеи аз ходимони хизмати тиббӣ ва осоиштагии санитарӣ-эпидемиологии ноҳияҳо ва шаҳр дар ҷараёни мубориза зидди паҳни сирояти коронавирус иштирок карда, ҳаққи хизмати муайянкардашуда дода нашудааст.


Аз ҷумла, дар иттиҳодияи тиббии ноҳияи Самарқанд ба 121-нафар ходими тиб 151 миллиону 635 ҳазору 700 ҳазор сӯм маблағи Компенсатсионӣ дода нашудааст. Чунин ҳолат дар ноҳияи Иштихон ба назар расида, ба 18-нафар ходимони соҳаи тиб 22 миллиону 236 ҳазор сӯм маблағ дода нашудааст.


Дар ноҳияи Тайлоқ ҳам ба 28-нафар ходимони тиб 31-миллион сӯм маблағ дода нашудааст.


Чунин корҳои тафтишотӣ дар ноҳияҳои Каттақӯрғон, Самарқанд, Пахтачӣ, Ҷомбой, Ургут, Пайариқ, Оқдарё, Пастдарғам низ гузаронида шуданд.


Дар рафти бурда шудани корҳои назоратӣ мауайян гардид, ки ба ходимони Марказҳои шӯъбаҳои ноҳиявии осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ , ки бо беморони коронавирус кор кардаанд, ба музди кори моҳона пули иловагӣ дода нашудааст.

Дар шабакаи "Зарафшон” навишта шудааст, ки ба идораи адлия ҳамаи ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва пешгирии минбаъдаи чунин ҳодисаҳои бепарвоӣба инобат гирифта шуда, нисбати мутасаддиёни беэътибори соҳа, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий