» » » Ҷонишини саримом-хатиби вилояти Самарқанд: қурбонӣ ҳангоми баромадани офтоб амалӣ карда мешавад


Ҷонишини саримом-хатиби вилояти Самарқанд: қурбонӣ ҳангоми баромадани офтоб амалӣ карда мешавад

Ҷонишини саримом-хатиби вилояти Самарқанд: қурбонӣ ҳангоми баромадани офтоб амалӣ карда мешавад

 

Азбаски имрӯз дар олам ҳолати ҷиддии пандемия ба назар мерасад, уламои мамлакатҳои мусулмонӣ фатвои нагузаронида  дуои дастаҷамъонаи Иди Қурбонро маълум карданд.

Дар чунин ҳолат 285-нафар имомон ва ҷонишинони имомони масҷидҳои вилояти Самарқанд ба аҳолӣ оиди ҳолати ҷиддии пандемия дар олам ва дар мамлакати мо маълум карда, дар бораи фатвои шӯрои идораи мусулмонон хабар мерасонанд.

Ҳамин тавр, мусулмонон метавонанд баъди баромадани офтоб чаҳор ракат намози Зуҳаро хонда қурбонӣ кунанд. Қурбонӣ то се рӯз давом мекунад.

Инак, пешниҳодоти шӯрои уламои идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар шароити пандемия:

<!-- [if !supportLists] --> 1.     <!-- [endif] --> Шӯрои уламои идораи мусулмонони Ӯзбекистон, дар асоси сарчашмаҳои исломӣ, такя ба хулосаи комиссияи махсуси Республикавӣ ва тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ гузаронидани намози Иди Қурбон ва Ид ал-Адҳаро зарур намедонад...

<!-- [if !supportLists] --> 2.     <!-- [endif] --> Азбаски Иди Қурбони имсола дар шароити пандемияи ҷиддии коронавирус мегузарад, ташкилу баргузории тадбирҳои дастаҷамъона ва рафтан ба аёдату қабристонҳо барои ёдбуди наздикон мумкин нест. Пешниҳод карда мешавад, ки намозу дигар дуоҳо ба хотири рафтагон дар хона якҷоя бо аҳли оила бояд гузаронида шавад...

<!-- [if !supportLists] --> 3.     <!-- [endif] --> Имомон ва ҷонишинони имомони масҷидҳои вилояти Самарқанд ба аҳолӣ оиди ҳолати ҷиддии пандемия дар олам ва дар мамлакати мо маълум карда, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, то ки иди мазкур ба ҳар як хонадон, тинҷӣ, оромӣ ва ба мамлакат барқарорӣ орад. Ҳар як мусулмон бояд ба гуфтаҳои дар боло зикр карда шуда амал кунад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий