» » » Дар Ӯзбекистон миқдори нафақаҳо аз 1-сентябр ба 10 фоиз зиёд мешавад


Дар Ӯзбекистон миқдори нафақаҳо аз 1-сентябр ба 10 фоиз зиёд мешавад

 

Дар Ӯзбекистон миқдори нафақаҳо аз 1-сентябр ба 10 фоиз зиёд мешавад


Дар ин бора дар фармоиши Президент "Оид ба чораҳои иловагии дастгирии ашхоси мӯҳтоҷ дар шароити пандемияи коронавирус ” гуфта мешавад.

Ҳамин тавр, оғоз аз 1-сентябри соли 2020 миқдори нафақа ва кӯмакпулӣ ба миқдори зерин дода мешаванд :

-андозаи базавии ҳисобкунии нафақа 262 470 сӯм дар як моҳ (пештар 238 610 сӯм);

-нафақаи камтарин аз рӯи синну сол-543 350 сӯм дар як моҳ (466 680 сӯм);

-нафақа ба ногиронон аз кӯдакӣ 543 350 (466 680 сӯм);

-миқдори камтарини нафақа ба пиронсолон ва шаҳрвандони ба меҳнат ноқобили стаж-собиқаи корӣ надошта, 345 030 сӯм дар як моҳ (286 390 сӯм)

Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ин фармоиш дар навбати худ барои дастгирии моддии 2, 8 миллион нафар пиронсолон , 687-ҳазор нафар шахсони ногирон ва зиёда аз 210-ҳазор нафар оилаҳои таъмингар надошта, хизмат мекунад...

Ба таври умумӣ аз буҷа барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ 2, 3 триллион сӯм ҷудо карда мешавад...

 

 

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий