» » » Дар замини чормағздор чормағзи заминӣ ҳам мерӯяд


Дар замини чормағздор чормағзи заминӣ ҳам мерӯяд

 

Дар замини чормағздор чормағзи заминӣ ҳам мерӯяд

 

Қобили зикр аст, ки соли 2017-ӯм дар 114 гектар майдони хоҷагии фермерии "Оқтепа унумдор замини”ниҳолчаҳои чормағз шинонида шуда, байни қаторҳо сабзавотҳо кишт карда шуда буд. Соли ҷорӣ дар баробари сабзавотҳо чормағзи заминӣ ҳам кишта, ҳини сӯҳбат деҳқониботаҷриба Улуғбек Биноев чунин гуфт:


-"Мо аз хурсолӣ бо корҳои деҳқонӣ шуғл дорем. Фикр доштам дар заминҳои мо чормағзи заминӣ намерӯяд. Аммо тавре мебинед, соли равон ба таври таҷриба дар майдони 13-гектар замин 120-килоӣ тухми чормағзи заминиро кишт кардем. Замини босаховат ба мо ҳосили зиёд дод, ният дорем аз ҳар як гектар замин то 3 тоннагӣ ҳосил гирем.


Дар ин кор ба мо оилаи тадбиркорон аз ноҳияи Олмалики вилояти Тошканд кӯмак карда, дар гузаронидани корҳои агротехникӣ ёрӣ расонида истодаанд. Моҳи октябр ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, ният дорем нақшаро барзиёд иҷро намоем”.

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий