» » » Рейси иловагии “Афросиёб”-и хатсайри Тошканд-Самарқанд-Тошканд ба роҳ монда шуд


Рейси иловагии “Афросиёб”-и хатсайри Тошканд-Самарқанд-Тошканд ба роҳ монда шуд

Рейси иловагии “Афросиёб”-и хатсайри Тошканд-Самарқанд-Тошканд ба роҳ монда шудТибқи маълумоти хизмати матбуотии Ҷамъияти Саҳҳомии "Узтемирйӯловчи” миқдори рейсҳои "Афросиёб”-и Тошканд-Самарқанд-Тошканд зиёд карда шудаанд.

 

Ҳамин тавр, бо мақсади фароҳам намудани шароити беҳтарин барои мусофирон ва расонидани хизмати босифати нақлиётӣ аз санаи 26-сентябри соли равон дар як ҳафта ду маротиба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рейси иловагии "Афросиёб” "Тошканд-Самарқанд-Тошканд” ба роҳ монда шудааст.

 

Маълумоти иловагиро тавассути рақами кӯтоҳи 1005 дар Тошканд ва дар кассаҳои роҳи оҳани маҳаллӣ инчунинбюрои информатсионӣ метавон дастрас намуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий