» » » Иди гул вамаърифат!


Иди гул вамаърифат!


Гулҳо дар ҳама давру замон тӯҳфаи бебаҳои табиат ва модар-замин буда, барои инсон аҳамияти калон доранд. Маълуматон, ки таи солҳои зиёд яке аз маърифатпарварони Самарқанд-сайқали рӯи замин, намояндаи сулолаи машҳури шоири бузург Ориф Гулхании Самарқандӣ, Муқимҷон Орифӣ, барои вилояти Самарқанд ҳазорон ҳазор донаҳои қаламчаҳои гулҳои хонагиву худрӯйро зиёд карда, ба муассисаҳои таълимию томактабӣ, корхона ва ташкилот, идораҳои давлатию хусусӣтақдим карда меоянд.

 

Ҳамин тавр, дар давоми ин кори нек парерӯз дар муассисаи таҳсилоти умумии тахассусии №40-ӯми ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд, бемуболиға, иди гулҳову иди маърифат ташкил карда шуд.

 

Ҳангоми ворид гаштан ба саҳни мактаби номбурда чашми кас ба гулҳои хеле ва хеле бисёру рангоранг меафтод. Гулҳои зебо ва қаламчаҳои дар гулдонҳо овардашуда яке аз ҳамдигар дилрабову оромбахш ва дилором ба қалби инсон буданд.

 

Қобили зикр аст, ки фестивали гулдӯстону гулпарварон бо ташаббуси шӯъбаи ҳудудии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи ҷавонон, маъмурияти хона-музейи шоири шинохтаи Самарқанд Ориф Гулханӣ ва ҳокимияти ноҳияи Ҷомбой дар доираи аксияи "Самарқандро гулпӯш менамоем! 1+10” таҳти шиори " Ҳар як хонанда ва донишҷӯй соҳиби гули худ бошад!” ташкил карда шуд.

 

Дар чорабинӣ ҳокими ноҳияи Ҷомбой Қайюм Собиров иштирок намуда, ҳозиринро бо фестивали мазкур табрик намуда, дар бораи аҳамияти чорабинӣ сухан кард. Сипас, ба ғолибони озмуни "Гулҳои Самарқанд” тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуд.

 

Роҳбари хона-музейи шоири ширинкаломи Самарқанд Ориф Гулханӣ, Муқимҷон Орифӣ оиди ҳифзи муҳити атроф ва дӯст доштани табиат, парвариши гулҳову аҳамияти онҳо барои одамизод истода гузашта, ба маъмурияти мактаб ва ноҳия 86-ҳазор дона гулҳои хонагӣ ва қаламчаю тухмиҳои гулу буттаҳои сарсабзи дар боғи шоир Ориф Гулханӣ парваришкардаро, тӯҳфа намуд.

Мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Ҷомбой Зарифа Юсуфова барои дастгирии аксияи мазкур ва тарғиби васеи он Муроҷиати кормандони соҳаи таълимро ба диққати ҷамъомадагон хонда расонид.

 

Дар рафти фестивали гулу маърифат дар ноҳияи Ҷомбой устодони мактаби №40-ӯми ноҳия, хонанадагон, фаъолон, гулпарварон ва инчунин эҷодкорони вилояти Самарқанд иштирок намуда, байтҳои пурмӯҳтаво аз ашъори хеш, шеърҳои вассофи табиату гулу зебоиро қироат намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар рафти чорабинӣ хонандагони мактаби дар боло вирди забон кардашуда, ба диққати ҳозирин байтҳои пурмӯҳтаворо аз абъёти шоирони Шарқу Ватани маҳбуб Ӯзбекистон қироат намуда, давраро ҳусни тоза бахшиданд.

 

Дар хотимаи фестивал бошад, хонандагон ва дастаи ҳаваскорон, санъаткорони шинохтаи хонаи маданияти ноҳияи Ҷомбой баромад карда, табъи иштирокчиёни аксияи гулҳоро болида намуданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий