» » » Шиддатёбии бемориҳои сироятӣ дар фасли тирамоҳ


Шиддатёбии бемориҳои сироятӣ дар фасли тирамоҳ


Дар як шабонарӯзи навбатдорӣ диспетчерони маркази ёрии таъҷилии филиали Самарқандии маркази илмии ёрии таъҷилии республикавӣ зиёда аз 30даъватҳоро аз аҳолӣ қабул карда, ба зудӣ ба истгоҳҳои ёрии таъҷилии дар шаҳр мавҷуда, ки ба адрес-суроғаи шахси муроҷиат карда наздик аст, мефиристанд. Дар навбати худ бригадаи шифокорон ва ҳамшираҳои тиби хизмати стансияи ёрии таъҷилии ҳудудӣ ба хонаи шахси муроҷиат карда, ба тезӣ рафта мерасанд.

Дар қабати сеюми бинои сеошёнаи стансияи ёрии таъҷилии рақами 3-и филиали Самарқандии маркази илмии ёрии таъҷилии республикавӣ бошад, маркази нави Соll-сентр аз моҳи марти соли равон амал карда, дар ҳар сонияву дақиқа диспетчерон-ходимони тибби марказ беист ба муроҷиатҳои аҳолӣ ҷавоб мерасонанд. Бояд илова намуд, ки агар пештар дар Соll-марказ 10-нафар диспетчер фаъолият баранд, дар асоси дархости маъмурияти маркази мазкур то вақти имрӯз диспетчерон ба 22-нафар расидаанд.

 

Тибқи маълумоти мудири шӯъбаи стансияи ёрии таъҷилии рақами 3-и филиали Самарқандии маркази илмии ёрии таъҷилии республикавӣ Ойбек Мӯъминов дар стансияи мазкур дар як шабонарӯз 21-то автонақлиёти махсуси тиббӣ бо 21 бригадаи шифокорон ва ҳамшираҳои тиббӣ ба аҳолии шаҳри Самарқанд ёрии аввали таъҷилӣ мерасонанд. Байни 21-нақлиёти мавҷуда 1-тояш барои беморони рӯҳӣ махсус гардонида шудааст.

 

Қобили зикр аст, ки дар қабати якӯми хизмати тиббии ёрии таъҷилии рақами 3-ӯм низ навбатчиёни сменааз аҳолии шаҳр муроҷиатҳоро қабул карда, ба зудӣ ба бригадаи шифокорон ва ҳамшираҳои тиб расонида, дар навбати хеш шифокорон, ба суроғаи аниқ фиристода мешаванд.

Имрӯз, ки тамоми дунё дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ зиндагонӣ дорад ва эҳтимоли сироятёбӣ дар фасли тирамоҳу сардии обу ҳаво баланд аст,ходимони маркази номбурда оянда мехоҳанд фаъолияти хешро васеъ гардонида, хизмати нави ёрии таъҷилии 112-ро ташкил диҳанд.

 

Ҳамин тавр, айни ҳол ходимони стансияи мазкур кӯшиш доранд тезу фаврӣ ба ҳар як муроҷиати аҳолӣ ҷавоб дода, хизмати тиббии босифат расонанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий