» » » Қатрае аз саҳифаи таърихи Самарқанди куҳанбунёд


Қатрае аз саҳифаи таърихи Самарқанди куҳанбунёд

Расме, ки дар аввали лавҳаи мо мебинед мансуби охири асри XIX ва аввали асри XX-ӯм буда, бонуи ҷавони самарқандӣ бо фарзандаш дар либоси тӯёна акс карда шудааст. Ин гуна расмҳо инъикосгари таърихи маданияти Самарқанд буда, имрӯз ҳам муҳимии худро гум накардаанд, зеро имрӯз ҳам  занҳои шаҳри бостонӣ бо чунин либосҳои зебо дар тадбирҳои оилавӣ иштирок мекунанд.

 


...Таърихи Самарқанди бовиқор ҳамеша дар маркази диққати оламиён ва олимони ватанӣ буда, ҳар як бозёфт ҳар як нигорае, ки аз замини муқаддаси  Самарқанди куҳанбунёд ёфт мешавад дорои аҳамияти калон ва нақлкунандаи таърихи бойи дурдонаи шарқ аст. Маълуматон, ки рӯзи 18-октябр рӯзи шаҳри Самарқанд буда, аз тарафи ҳокимияти вилоят оид ба таҷлили ин санаи муҳим чорабиниҳои гуногун андешида мешаванд.

 

Мо бошем, каме мехоҳем ба таърихи наздики шаҳри бостонӣ назар карда, ба тамошобини нуктасанҷ оиди либосҳои миллии хоси мардуми Самарқанд  маълумот расонем.

Дар осорхонаи таърихи маданияти халқҳои Ӯзбекистони Самарқанд 10-экспозитсия мавҷуд буда, дар ҳар яки он нигораҳои бебаҳои таърихӣ гузаштаи халқи мо гузошта шудаанд.

 

Ҳамин тавр, агар мо ба экспозитсияи либосҳои миллӣ назар кунем, дар ин ҷо либосҳои ҳам мардона ва ҳам занонаи охири асри XIX ва аввали асри XX-ро метавонем бубинем. Ҳар як либос ҷой ва макони истифодаи худро дорад. Либосҳо барои кӯча, барои хона, барои меҳмониву ғайра.

 

Бемуболиға метавон гуфт, ки байни шаҳрҳои куҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Самарқанд ҷойи махсуси худро дошта, асрҳои аср шаҳри бостонӣ макони шахсони боҳунару устоёни бомаҳорат буд.

 

Экспозитсияи дуввуми осорхона ин санъати заргарӣ дар Ӯзбекистон ном дошта, дар баробари мактабҳои заргарии шаҳрҳои дигари Ӯзбекистон мактаби ба худ хоси устоёни гулдасти Самарқанд ба таври васеъ ба диққати бинанда тартиб дода шудааст.

 

Ҳатто яке аз сафирон, дипломату сайёҳони испании асри  XIV Рӯй Гонсалес де Клавихо дар сафари худ ба Самарқанд дар рӯзномаи роҳиаш навишта буд, ки "дар Самарқанд мардуми бомаданияту бой зиндагонӣ карда, тамоми соҳаҳоро  рушд додаанд ва ман аз дидаҳоям дар ҳайратам. Ин халқ анъанаҳои худро давом дода устоёни моҳири кори худ мебошанд”.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий