» » » Саломатии репродуктивӣ чиро ифода мекунад?


Саломатии репродуктивӣ чиро ифода мекунад?

Дар рӯзи якӯми тренинг, ки ба таври ноанъананавӣ оғоз гардид, тренер-мураббӣ духтарони фаъолро ду нафарӣ ба гурӯҳҳои хурд ҷудо карда, дар навбати худ духтарон дар бораи ҳамдигар маълумот ҷамъ намуданд. Сипас,  як-як дар бораи якдигар маълумотро ба диққати ҳозирин ҳавола карданд.

 


Чунин тренингҳо бо мақсади шинос намудани хонандагон-духтарони фаъолро бо тарзи дурусти ҳаёти солим ва репродуктивӣ бо ташаббуси вазорати таълими халқи республика, вазорати дастгирии оила ва маҳалла, вазорати рушди технологияҳои ахборотии коммуникатсионӣ ва хазинаи Аҳолишиносии назди СММ амалкунанда, Кенгаши вазирони Республикаи Қорақалпоғистон, ҳокимияти вилояти Самарқанд ва Тошканд ташкил карда шуд. Саммити духтарон-хонандагони "Қизларҷон” дар мавзӯи " Ҷавонони Ӯзбекистон-тарафдорони тарзи дурусти ҳаёти солим” баргузор гардид.

 

Дар тренинг духтарони пешқадаму фаъол аз ноҳияҳои наздик ба шаҳри Самарқанд таклифӣ буда, ҳар як кӯшиш доштанд, ки аз ҷараёни дасрҳои омӯзишӣ барои худ маводи заруриро бигиранд. Дар рафти тренинг саволу ҷавобҳо низ бурда шуд.

 

Тренинги мазкур 5-рӯз давом карда, дар хотима талаба-духтарон соҳиби малака ва таҷрибаи калон гаштанд. Ба ҳамаи иштирокчиёни тренинг дар хотима сертификат дода шуд.

Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд дар ҷойҳо чунин тренингҳо гузаронида мешаванд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий