» » » Самарқанди бостонӣ ва бовиқор ҳамеша дар маркази диққати оламиён буда, рӯз то рӯз зебо ва мафтункор мегардад


Самарқанди бостонӣ ва бовиқор ҳамеша дар маркази диққати оламиён буда, рӯз то рӯз зебо ва мафтункор мегардад

Аз ин ҷо, дар доираи дастури сарсабзу хуррам гардонии шаҳри бостонӣ маросими мутантани кушодашавии кӯчаи "гастрономӣ-озуқаворӣ” дар кӯчаи ба номи Орзу Маҳмудови шаҳр баргузор гардид.

 


 

Қобили зикр аст, ки дар кӯчаи мазкур 30 корхонаи хӯроквории умумии хӯрокҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, испаниву итолиёвӣ, франсузӣ ва дигар халқҳои олам фаъолият бурда шабонарӯз таомҳои болаззатро пешниҳоди шаҳрвандон ва меҳмонони сайқали рӯи замин мегардонанд.

 

Дар рӯзи ифтитоҳии кӯча ҷонишини сарвазири республика Азиз Абдуҳакимов иштирок ва сухан карда, дар бораи мақоми Самарқанд байни шаҳрҳои куҳани Шарқ ва олам, аҳамияти кушодашавии кӯчаи мазкур ва ғайра ҳарф зад. Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки баргузорӣ ва ташкили чунин чорабиниҳо, нуфузи Ӯзбекистонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам болотар мегардонад.

Ҳар як иштирокчии чорабинии муҳим оғоз аз хӯрокҳои америкоӣ то хӯришҳои гуногуни мамлакатҳои шарқ чашида дид.

 

Дар рафти чорабинӣ барномаи пурмӯҳтавои консертӣ намоиш дода шуда, ба ҳозирин таассуроти баланд гузошт.

 

Ҳамин тавр, барои шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳр тамоми шароитҳо барои дидан ва чашидани хӯрокҳои бетакрори олам муҳайё карда шуда, маросими мутантан то дер давом кард.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий