» » » Минбаъд маркази ахборотии китобхонаи ба номи А.Пушкини Самарқанд 500-нафар хонандаро метавонад қабул кунад


Минбаъд маркази ахборотии китобхонаи ба номи А.Пушкини Самарқанд 500-нафар хонандаро метавонад қабул кунад

Директори маркази ахборотии китобхонаи ба номи А.Пушкини вилояти Самарқанд Шаҳодат Баҳриева дар рафти сӯҳбат дар бинои нави китобхона бо як хурсандии кӯдакона аз ҷараёни корҳои таъмирии ба итмом расида нақл карда, аввал дар бораи таҷҳизоти нави харидаи хориҷа барои хонандагон, ки қобилияти нусхабардории тезу бисёрро дорад, маълумот расонид.

 


Қобили зикр аст, ки барои беосеб ба солҳои зиёди оянда расонидани китобҳои нодири мансуб ба асрҳои IIIV-IX  ва асрҳои дигар адабиётҳои номбурда ба ҷевонҳои оҳанини махсусгардонидашудаи ҳаракаткунандаи нави замонавӣ ҷойгир карда шудаанд.Дар қабати якӯми китобхона утоқи махсус барои хурдтаракон тайёр карда шуда, ҷевонҳо бо адабиётҳои рангоранги бачагона пур карда шудааст.

 

Дар тарафи дигари маркази ахборотии китобхонаи вилоят музейи дастнависҳо ташкил карда шуда, барои хонандагону бинандагон аз хазинаи бебаҳои маскани зиё адабиётҳои хеле қадим ҷой дода шудаанд.Инчунин, гӯшаи замонавӣ ва толори маҷлисӣ барои қабули фаъолон омода карда шуда, дар асоси лоиҳаи узнет дар портали ягона адабиётҳо рақамӣ карда шудаанд.

 

Бояд қайд намуд, ки дар рафти бурда шудани корҳои реконструксионӣ ва  таъмирӣ диққати асосӣ ба интихоби мебелҳо дода шуд, зеро барои хонанда ҷои нишаст ва илмомӯзӣ бояд бароҳат бошад. Аз ин ҷо, устоёни мебелсози Самарқанд дар Тошкандшаҳр шуда, аз офиси асосии китобхонаи мазкур аз китобхонаи миллии республика андозаҳои мебелҳоро гирифта омада, мутобиқи шӯъбаи хонишӣ ва адабиётҳо, таҷҳизоти навини замонавиро тайёр кардаанд. Барои хонандагон дар ҳавлии китобхона қаҳвахона сохта шуда, талабагон метавонанд он ҷо сари сӯҳбат дар бораи интихоби адабиёти зарурӣ сӯҳбат кунанд.

 

Боз як навигарие, ки мебояд қайд намуд ин аст, ки агар пештар якбора 200-нафар хонанда аз адабиётҳои лозима дар маркази зиё истифода бурда тавонад, имрӯз баъди таъмири капиталӣ якбора 500-нафар хонанда дар толорҳои барҳавои гуногуни маркази ахборотӣ аз илмҳои дунёвӣ баҳраманд шуда метавонанд.

 

Аз ҳамаи ин қулайи ва шинамӣ минбаъд китобхонон ва китобдӯстон, талабаю толибилмон метавонанд ба таври доимӣ баҳраманд шаванд, зеро парерӯз дар рӯзи кушодашавии маркази ахборотии китобхонаи мазкур, дар рӯзи шаҳри Самарқанд, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирок карда, гуфтаҳои болоиро таъкид намуда, оиди аҳамияти маркази зиё ва бурда шудани корҳои азими таъмирӣ истода гузашт.

 

Баъдан фаъолони вилоят бо сарварии ҳокими вилоят аз рафти бурда шудани корҳои реконструксионӣ  шинос шуда, бо утоқҳои барҳаво ва шӯъбаҳои навташкили китобхона аз наздик шинос шуданд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий