» » » Ташкили ярмаркафурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо нархи арзон


Ташкили ярмаркафурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо нархи арзон

Маълуматон, ки аз санаи аз 16 то 24-ӯми октябри соли равон дар боғи марказӣ-истироҳатии ба номи А.Навоии шаҳри Самарқанд ярмаркафурӯши маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ бо номи "Саховати замин” бо нархҳои арзон ташкил карда шуд.

 


Дар ярмаркаи мазкур аз тамоми ноҳияҳои вилояти Самарқанд меваву сабзавотҳои тару тоза дар растаҳои алоҳида-алоҳида гузошта шуда, пешниҳоди шаҳрвандон гардонида шуд

Нархи картошка 3-ҳазор, нархи пиёз-ҳазор сӯм, нархи гӯшт аз 50 то 60-ҳазор сӯм, хурмо 4-ҳазор сӯм, 1-дона тухум ҳазор  сӯм, анор 4-5 ҳазор сӯм, себ 8-10-ҳазор сӯм ва биринҷи хоразмӣ аз 7 то 9 ним ҳазор сӯм фурӯхта шуданд.

 

Нигоҳ накарда ба шароити имсолаи пандемияи ҷаҳонӣ деҳқонони олиҳиммат кӯшиш карданд, аз замини зархези Самарқанд ҳосили бисёр рӯёнанд. Ҳамин тавр, соли равон дар натиҷаи ҷидду ҷаҳд ва дастгирии ҳукумати республика аз майдонҳои кишти ҳосил маҳсулоти босифати зиёд гирифта шуда, мана имрӯз барои аҳолӣ бо нархҳои арзон фурӯхта мешаванд.

 

Ҳокими вилояти Самарқанд ҳангоми гаштугузор дар ярмаркафурӯши мазкур қайд кард, ки ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ минбаъд ҳам баҳри таъмини аҳолиро бо маҳсулотҳои хушсифати хоҷагии қишлоқ ва дастгирии соҳибкору фермеру тадбиркорон ҳамеша омодаанд ва дар ин самт қарорҳои махсусро дарҷ мекунанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий