» » » Бақайдгирй иштирокчиёни ниммарафони байналхалқии 1-ноябр давом дорад


Бақайдгирй иштирокчиёни ниммарафони байналхалқии 1-ноябр давом дорад

Маълуматон, ки санаи 1-ноябри соли равон дар Самарқанд марафони хайриявии "Half marathon” гузаронида мешавад.

 

Тибқи фикри ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси кумитаи ташкилии ниммарафон Азиз Абдуҳакимов, азбаски имрӯз дар ҷаҳон пандемияи коронавирус давом дорад, як қисми марафони варзишӣ дар шакли онлайнӣ гузаронида мешавад.

 

Муайян карда шудааст, ки дар рафти марафон варзишгарон дар масофаи 21 км аз соати 09.00 то 11.00 давида, иштирокчиёни боқимонда, аз соати 11.00 то соати 21.00 ” дар шакли озоди ҳаракат ва масофа дар формати дави вертуалӣ дар асоси барномаи маданӣ-маърифӣ дар дигар формат иштирок хоҳанд кард.

 

Қобили зикр аст, ки марафони соли 2020-ӯм ба масъалаҳои аутизм ва муҳити инклюзивӣ бахшида шуда, дар дав ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд.Маблағи аз марафон ба даст дароварда шуда, ба муассисаҳои тахассусӣ барои ташкили студияи эҷодӣ дода мешавад.Дар марафон се масофа муайян карда шуда, бақайдгирии иштирокчиён то 31-октябр давом мекунад.

 

Дар рафти тайёрӣ ба ниммарафон хазинаи рушди маданият ва санъати республика корҳои тадқиқотӣ бахшида ба муаммоҳои инклюзивӣ мегузаронад.То вақти имрӯз бошад, барои иштирок дар ниммарафони онлайнӣ аз 60-мамлакати дунё таклифҳо афтодааст. Кумитаи ташкилӣ ҳамаи хоҳишмандонро ба рӯйхат гирифта истодааст.

 

Шаҳрвандони Самарқанд низ то санаи 31-ӯми октябр метавонанд, барои иштирок дархости худро ба кумитаи ташкилӣ рои кунанд.

 


Комментариев: 0
Добавить комментарий