» » » Таъмини бозорҳои шаҳрро бо маҳсулоти маҳаллӣ дар фасли зимистон


Таъмини бозорҳои шаҳрро бо маҳсулоти маҳаллӣ дар фасли зимистон


Маълуматон, ки дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ таъмини бозорҳоро бо маҳсулотҳои хушсифати хоҷагии қишлоқ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давр мебба ҳисоб меравад.


Аз ин рӯ, соли равон хоҷагиҳои фермерии зиёди вилоят камари ҳимматро сахт баста, аз замини зархези Самарқанд ҳосили зиёд рӯёнидаанд.

 

Ҳамин тавр, хоҷагии фермерии "Акмал Тошпӯлатович”-и ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд соли ҷорӣ дар 25 гектар майдони кишт картошкаи навъӣ голландии "эволюсион” ва "аризона”-ро кишт карда, ният доранд мисли соли гузашта аз ҳар гектари замин 250- 350 сентнерӣ ҳосил гиранд.

Ҳини сӯҳбат роҳбари хоҷагии мазкур гуфт, ки ин навъи картошка дар майдон бори аввал ҳамин сол кишт карда шуда, дар ин кор ҳар мавсим ба ғайр аз коргарони асосии хоҷагӣ илова боз 70-нафар сокинони маҳаллаҳои атроф ба кор ҷалб карда мешаванд. Трактор ва техникаи дигари тахассусии замонавӣ доимо дар майдонҳои кишт мебошад.

 

Бояд тазаккур дод, ки соли ташкил таҳти тасарруфи хоҷагии фермерӣ ҳамагӣ якчанд гектар замин буда, корро бо се нафар коргарон оғоз карда буданд. Дар натиҷаи меҳнат ва ҷалби аҳолии атрофро ба кор, истифодаи дурусти замин ва бурда шудани корҳои агротехникии саривақтӣ ва табдил додани заминҳои бекорхобидаро ба замини ҳосилхез деҳқонони олиҳиммати хоҷагӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Ба давлат ғаллаи зиёд супорида шуда, ба кишти дуввуми картошка шурӯъ намуданд.

 

Деҳқонони олиҳиммати хоҷагӣ азм карданд, ки соли оянда барои гирифтани заминҳои иловагии бекорхобидаи атроф ба мақомоти ноҳия ва вилоят муроҷиат карда, майдони истеҳсоли маҳсулотҳо ва кишти дигари сабзавот ва меваҳоро ба роҳ монанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий