» » » Маросими тақдиргардонии намояндагони соҳаи тандурустӣ дар Самарқанд


Маросими тақдиргардонии намояндагони соҳаи тандурустӣ дар Самарқанд


Дар маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бахшида ба рӯзи ходимони соҳаи тандурустӣ маросими тақдиргардонӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони соҳаи тиби вилоят, шифокорон, ҳамшираҳои тиб, ходимони техникӣ, фаъолон ва фахриёни соҳа иштирок карданд.

 

Ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Очилов аз номи ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, ки аз сабаби иштирок дар чорабинии муҳими республикавӣ дар тадбир иштирок карда натавонист, суханҳои табрикотиро хонда дода, ба намояндагони соҳаи тандурустӣкомёбиҳову муваффақиятҳои калон ва матонату иродаи мустаҳкам орзу намуд.

 

Дар давоми суханони хеш нотиқ таъкид намуд, ки соли равон барои мустаҳкамнамоии базаи моддӣ-техникии соҳаи тиб, муассисаҳои тиби Самарқанд дар асоси фармонҳои зиёди Президент ва қарорҳои бисёри ҳокими вилоят, корҳои зиёд амалӣ карда шуда, соҳаи тиб дорои таҷҳизотҳои замонавӣ гашт. Дар асоси инвеститсия ба харидани воситаҳои замонавии тиббии зиёд ноил гашта шуд.

 

Қобили зикр аст, ки ба хусус дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ходимони соҳа "қаҳрамонӣ” нишон дода, шабурӯз истифода аз технологияҳои замонавӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ баҳри нигаҳдории саломсатии мардум хизмат карда истодаанд.

 

Инчунин қайд гардид, ки миқдори автонақлиётҳои ёрии таъҷилӣ аз 135 ба 294-то расонида шуда, минбаъд дар назар дошта шудааст, ки дар деҳаҳои дурдасти вилоят миқдори ҚВП-ҳо зиёд карда шуда, шароити мувофиқ муҳайё карда мешавад.

 

Сипас, ба як гурӯҳ пешқадамони соҳаи тиби вилоят, фидоиёни соҳа нишонаҳои фахрии ҳокимияти вилоят ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

 

Дар хотимаи чорабинӣ барои намояндагони соҳаи тандурустии вилоят аз тарафи санъаткорони республика ва Самарқанд барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий