» » » Намоиши расмҳои рассом Баҳром Йӯлдошев дар осорхона


Намоиши расмҳои рассом Баҳром Йӯлдошев дар осорхона

Ҳангоми ворид гаштан ба толори намоишии осорхонаи таърихи маданияти халқҳои Ӯзбекистони вилояти Самарқанд мо гувоҳи он гаштем, ки ходимони ин маскан шарж-расмҳои ҳаҷвии рассомеро  дида, бо завқ сӯҳбат мекарданд.

 


Дар расми дигар бошад, рассом Гулбаҳор Абдураҳмоноваро дар ҳолати аҷоиб дар майдони пахтазор тасвир кардааст.

 

Ҳамаи ин расмҳо ба қалами рассоми самарқандӣ Йӯлдошев мансуб буд. Дар осорхонаи таърихи маданияти халқҳои Ӯзбекистони вилояти Самарқанд намоиши асарҳои аъзои иттиҳодияи эҷодкорони академияи Бадеии Ӯзбекистон мусаввири бомаҳорат Баҳром Йӯлдошев ташкил карда шуд.

 

Дар чорабинӣ намояндагони осорхонаҳои  шаҳри Самарқанд, ҳамкасбону наздикон ва шогирдони рассом иштирок ва сухан кардА, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодкор  ва мавзӯъҳои интихобии рассом ва оригиналии ҳар як расм истода гузаштанд.

 

Ҳар як сурати бо ранги обӣ  кашидаи рассом хеле ва хеле ҷаззоб ва бетакрор буда, мавзӯъҳои гуногунро дарбар мегирад.

 

Қобили зикр аст, ки асарҳои Баҳром Йӯлдошев дар осорхонаҳои шаҳри Урганҷ, коллексияҳои шахсии давлатҳои Франсия, Германия, Япония, Қазоқистон, Россия ва ғайра нигаҳ дошта мешаванд.

 

Ҳини сӯҳбат эҷодкор дар бораи эҷодиёт ва шавқмандии худ дар интихоби касб маълумот дод.

Масалан, дар ин расм ҷавони ғамгини модари аз олам гузаштаи хешро ба хотир оваранда, ки дар назди танӯр нишаста аст, инъикос карда шудааст. Расми танӯр ба симои модари хамида монанд аст.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий