» » » Нашри шумораи 3000-ҳазорӯмини рӯзномаи шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят “Овози Самарқанд”


Нашри шумораи 3000-ҳазорӯмини рӯзномаи шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят “Овози Самарқанд”

Дирӯз дар маркази матбуотии Самарқанд бахшида ба нашри3000-ҳазорӯминшумораи рӯзномаи шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят "Овози Самарқанд” чорабинии пурмӯҳтаво ташкил карда шуд.

 


Қобили зикр аст, ки соли 2020-ӯм барои рӯзномаи мазкурсоли бобаракоту соли бомуваффақият гардид, зеро ҳанӯз аз оғози сол ҷашни 30-солгии рӯзнома ба таври васеъ қайд карда шуда, дар толори маҷлисии ДД Самарқанд бо иштироки ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов конференсия гузаронида шуд.Дар он пешқадамони соҳаҳои гуногуни вилоят, устодону толибилмон ва ғайраҳо иштирок доштанд.

 

Ҳамин тавр, дар натиҷаи меҳнат ва ташкили саҳифаҳои навин ва заҳмати ҷамоаи рӯзнома бо сарварии ҷавони бомаърифат сардабири он Баҳодур Раҳмонов ин нашрия зина ба зина ба комёбиҳоибаландтар ноил гашт.

 

Ташкили саҳифаву шӯъбаҳои навин дар газета, веб-сайт-шабакаи рӯзнома, ҷалби бисёри ҷавононро ба кор ва чопи мақолаву асарҳои адибони ҷавон ва классикӣ, журналистони бомаҳорату толибилмон ва мухлисони сершумор, ҳар як саҳифаро хонданибоб ва пурмӯҳтаво гардонид.

 

Ҳамин тавр,рӯзнома мақоми худро дар миқёси республика ва арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам карда омада истодааст.

 

Аз ин рӯ, дар чорабиние, ки дар маркази матбуотии вилояти Самарқанд баргузор гардид сарвари садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят Манноп Ибодуллоев иштирок карда, дар бораи нақши нашрияҳои даврии вилоят ва ҷойи рӯзномаи "Овози Самарқанд”байни нашрияҳои даврӣ сухан кард.

 

Пасон, ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Очилов ба сухан баромада, дар бораи мақоми рӯзнома дар ҳаёти Самарқанди сермиллат ҳарф зада, ходимони рӯзномаро бо чопи шумораи 3000-ҳазорӯмин табрик намуд.

 

Роҳбари маркази миллӣ-мадании тоҷикони Самарқанд Акбарҷон Маҳмудов дар баромади хеш оиди ғамхории ҳукумати республика нисбати рӯзнома сухан карда мубиронро бо тақдими тӯҳфа табрик намуд.

 

Ҳамин тавр, иштирокчиёни тадбири мазкур устодон, фаъолони ҷамоатии вилоят, шоиру нависандагон, ҷавонон ва намояндагони касбу кори гуногун-мухлисони сершумори рӯзномаи "Овози Самарқанд” дар бораи мазмуну мундариҷа, беҳ гардонии пойгоҳи моддӣ-техникии нашрия ва бо ташаббуси ҳокимияти вилоят ройгон обуна намудани шаҳрвандонро ба рӯзнома истода гузашта, фикру мулоҳизоти хешро баён карданд.

 

Дар хотима, сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов ба сухан баромада, дар бораи нақшаҳои минбаъдаи ҷамоаи нашрияи даврӣ ва масъалаҳои умдаи дигар сухан кардатаъкид намуд, ки соли оянда ташкили гӯшаҳои навин дар саҳифаҳои газета ва чорабиниҳои пурмӯҳтавои дигар дар нақша гирифта шуда, тадбирҳои гуногун ҳарчибештар ташкил карда мешаванд.

 

Тадбири мазкур таҳти шиори "Ӯзбекистони нав ҷаҳонбинии нав” ташкил карда шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий