» » » Барфи аввал дар Самарқанд


Барфи аввал дар Самарқанд

Халқи мо ҳамеша боридани барфи аввалро дар кишвари маҳбуб Ӯзбекистон ба хубӣ қабул мекунанд. Зеро барф мисли дигар давлатҳои хориҷ дар мо на он қадар бисёр мебораду меистад. Дар замини гарми Осиё ба зудӣ об мешавад. Аз ин рӯ, боридани барфи ҳозира ба ҳама кайфияти дигар мебахшад. Бахусус ба мардуми Самарқанди бостонӣ.

 


Ҳамин тавр, имрӯз барфи аввал ҳам меборад, боридани он одамонро ба ҳар гуна ҳиссиётҳову ҳаяҷон хотирот ва орзуҳои гуногун мебарад.

 

Ҳини сӯҳбат дар кӯчаҳои шаҳри қадим шаҳрвандон гуфтанд ки, албатта, боридани барфро мунтазир буданду давраҳои кӯдакии худро ба хотир оварда, шодбошиҳо мекунанд.

Мо тавассути шабакаҳои интернетиву телевизионӣ боридани барфи аввали имсоларо дар мамлакатҳои хориҷа, аллакай, дидаем. Мумкин фарзандони мо саволе ҳам дода бошанд, ки дар шаҳри мо кай барф меборад?

 

Ва мана имрӯз 18-ноябр барфи дилхоҳ дар Самарқанд майда-майда бориданро сар кард.

Ин барф бо худ чиро меоварда бошад? Мумкин бо боридани ин сафедӣ вабои имсолаи омада, бо номи коронавирус аз тамоми дунё дур шуда, халқи олам ба рӯшноӣ мебароянд? Мисли пешина бо хуррамӣ Соли Навро пешвоз мегиранд?

 

Мегӯем, бигузор ҳамин тавр ҳам шавад. Тамоми олам аз бемориҳо дур гашта бо хурсандӣ ҳар як лаҳзаи зиндагониашонро гузаронанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий