» » » Тадбири «Янги Ӯзбекистон-янгича дунёқараш»


Тадбири «Янги Ӯзбекистон-янгича дунёқараш»

Бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат ва беҳ гардонии шароити зисти оилаҳои камтаъмин дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ташкилу баргузории озмун-азназаргузаронии «Янги Ӯзбекистон-янгича дунёқараш» идома дорад.

 


Аз ин рӯ, дар рӯзи ташкили чунин тадбир дар шӯрои шаҳрвандони "Бунёдкор”-и ш.Самарқанд фаъолони маҳаллаи номбурда, намояндагони оилаҳои камбизоат, варзишгарон, ҳунармандон, устодону талабагони мактаби миёнаи рақами 9-ми маҳалла, намояндагони боғчаи бачагон, соҳибкорони номӣ, тадбиркорон ва ғайраҳо иштирок карда, намоиши маҳсули дастони хешро ба диққати меҳмонони чорабинӣ ҳавола карданд.

 

Қобили зикр , аст, ки маҳаллаи "Бунёдкор”-яке аз маҳаллаҳои сераҳолии шаҳри Самарқанд буда, дар ин мавзеъ намояндагони касбу кори гуногун аҳлона умр ба сар мебаранд.

 

Ҳамин тавр, дар рӯзи чорабинӣ хурду калон, сокинони маҳалла, меҳмонони даъватӣ аз қироати шеъру намоиши саҳначаҳои пурмазмуни толибони илм, сурудҳои ватанпарваронаи санъаткорони шинохтаву ҳаваскорон баҳраманд гашта шукронаҳо гуфтанд, ки дар чунин Ватани ободу зебо, зери осмони соф зиндагонӣ мекунанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий