» » » Ҷамъбасти ниммарафони дави анъанавии хайриявии Samarkand Half Marathon


Ҷамъбасти ниммарафони дави анъанавии хайриявии Samarkand Half Marathon

Дар университети байналхалқии сайёҳии"Шёлковый путь”-и шаҳри Самарқанд ҷамъбасти ниммарафони дави анъанавии хайриявии Samarkand Half Marathon гузаронида шуд.

 


Маълуматон, ки дар шароити душвори имрӯзи пандемияи ҷаҳонӣ қисми варзишии чорабинии мазкур дар ду шакл-дав дар Самарқанд барои 42-нафар варзишгарони ботаҷрибаи тамоми ҳудудҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар 21-км ва дави виртуалӣ барои ҳамаи хоҳишмандони ҷаҳонӣ гузаронида шуда буд.

 

Қобили зикр аст, ки дар ниммарафони мазкур аз 35-мамлакати дунё зиёда аз 3-ҳазор нафар варзишгарон иштирок карда, соли равон миқдори иштирокчиёни ниммарафони имсола нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд буд.

 

Дар анҷумани матбуотӣҷонишини сарвазири ҷумҳурӣ Азиз Абдуҳакимов иштирок ва сухан кард.

Нотиқ қайд намуд, ки мақсад аз ташкили дави умумиҷаҳонӣ ин тарғиби ҳаёти солим, ҷалби бисёри аҳолиро ба тарбияи ҷисмонӣ ва диққати оламиёнро ба муаммоҳои гирифторони аутизм мебошад.

 

Куратори барномаи инклюзивӣ ва таълимии Samarkand Half Мадина Бадалова бошад, дар баромади худ дар бораи ҳамкорӣ бо волидон ва мамлакатҳои Россия, Америка, Британияи Кабир ва ғайраҳо оид ба масъалаҳои таъмини гирифторони аутизмро бо кор, истода гузашта қайд намуд, ки бояд ин масъалаҳои умдаи рӯз дар маркази диққати ҳукумату ҷамъият бошад.

 

Пасон, натиҷаи дави анъанавии хайриявии Samarkand Half Marathon эълон карда шуд.

 

Дар номинатсияи "Беҳтарин шаҳри варзишии дав” ҷои саввум насиби шаҳри Самарқанд гашт, ҷои дуввум ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанб дода шуд, "Беҳтарин пойтахти варзишии дав” бошад, шаҳри Тошканд гӯён эътироф гардид.

 

Тӯҳфаҳоро ҷонишини сарвазири ҷумҳурӣ Азиз Абдуҳакимов тақдим намуда, ғолибонротабрик гуфт.

 

Сипас, беҳтарин иштирокчиёни клубҳои варзишӣ ба саҳна таклиф карда шуда, мукофотонида шуданд.

 

Ҷои саввум ба ташкилоти "Туризм ранерс”–и шаҳри Тошканд дода шуд. Ҷои дуввум насиби ташкилоти варзишии "Спорт ранерс” гардид. Ҷои якӯм бошад, ба клуби варзишии "Тошканд ранерс” насиб гашт.

 

Ёдрас мекунем, ки дар асоси талаби иштирокчиён дави анъанавии хайриявии Samarkand Half Marathon то санаи 30-ӯми ноябри соли равон давом карда, хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок кунанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий