» » » Коронавирус ба диабети қанд чӣ гуна таъсир дорад?


Коронавирус ба диабети қанд чӣ гуна таъсир дорад?

Таи як сол аст, ки коронавирус дар ҷаҳон ба ҳаёти ҳазорон нафар шахс зомин гашта гуфтан мумкин аст, ки мавҷудияти инсонро дар тамоми башарият дигар кард. То вақти имрӯз олимони ҷаҳонӣ воситаҳои гуногуни нести ин вабои замонаро ҷустуҷӯй карда, барои нигоҳ доштани ҳаёти ҳазорон нафар одамон воситаҳои гуногуни шифоиро истеҳсол мекунанд.

 


 

Аз ин ҷо, баъди фаро гирифтани тамоми ҷаҳонро вируси СОVID-19 шахсони бемории диабети қанд дошта, бемориҳои роҳи нафас, касалиҳои дилу дигар узвҳои одамизод гуфтан мумкин аст, ки ба таҳлука афтода, дар аввал чӣ гуна муолиҷа гирифтанро ҳангоми гирифторӣ ба коронавирус надониста монданд.

 

Хурсандибахш аст, ки мо дар асри ХХI-ӯм зиндагонӣ мекунем ва соҳаи тиб имрӯз хеле ба пеш рафта, роҳҳои муолиҷаи тамоми касалиҳо мавҷуд буда, олимон ва шифокорони дунёвӣ баҳри рафъи вирус шабу рӯз корҳои тадқиқотӣ бурда истодаанд.

 

Ҳамин тавр, бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои муолиҷаи беморони диабети қанде, ки аллакай коронавирусро аз сар гузаронидаанд, мо ба диспансери эндокринологии вилоятӣ роҳ пеш гирифтем.

 

Қобили зикр аст, ки дар диспансери номбурда, поликлиника ва стасионарӣ рӯзона ташкил карда шуда, онҳое, ки баъди гузаронидани бемории коронавирус дар тан асоратро ҳис мекунанд, бо маслиҳати шифокорони ботаҷрибаи соҳа ва бо воситаҳои нави муолиҷаи замонавӣ беморонро шифо мебахшанд.

 

Ҳамин тавр, дар диспансери эндокринологии вилояти Самарқанд баҳри пешгирӣ ва муайян намуданибеморони диабети қанд ва шифо бахшидан ба онҳое, ки СОVID-19-ро, аллакай аз сар гузаронидаанд, чораҳои муҳими профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, дар тамоми ҳудудҳои дурдасти вилоят низ мунтазам корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ бурда мешаванд.

 

Мегӯянд, саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст, инак дар замони рушди технологияҳои ҷаҳониву илму фан, самти тиби вилояти Самарқанд ҳам барои нигаҳдории саломатии аҳолӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯву рушд буда, шифокорон бо донишу таҷрибаи баланди хеш бар зидди ҳама гуна бемориҳо мубориза бурда, халқро аз ҳар гуна сирояту касалиҳо нигаҳ дошта меоянд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий