» » » Чемпиони дукаратаи ҷаҳонӣ дар намуди INTERNATIONAL TAEKWONDO FEDERATION


Чемпиони дукаратаи ҷаҳонӣ дар намуди INTERNATIONAL TAEKWONDO FEDERATION

Чемпиони дукаратаи ҷаҳонӣ дар намуди INTERNATIONAL TAEKWONDO FEDERATION, ҷоизадори мусобиқаҳои байналхалқӣ, аъзои ҷамоаи яккачин байни наврасони республика дар намуди WORLD TAEKWONDO FEDERATION Азиза Шамсиева дар хурдсолӣ вақте, ки қадамҳои аввалро ба варзиш дар муассисаи таълими миёнаи умумии рақами 9-ми маҳаллаи зисти худ "Арабхона” мегузошт, волидон он қадар боварии комил надоштанд, ки ин шавқмандии духтараки хурдашон ҷиддӣ буда, ӯро то дараҷаи чемпиони ҷаҳонӣ мерасонад.



Ҳамин тавр, натиҷаи саъю кӯшиш, тамринҳои зиёд вамаслиҳату кӯмаки мураббии якӯми варзишгардухтарак-Мӯнис Мӯъминов ва сониян мураббиёни дигару мураббӣ дар имрӯз дар тамринҳо, маслиҳатҳои муфиддиҳанда, Рамиш Исматов ва Амирон Ризаевҳо, Азиза Шамсиева ба фатҳи қуллаҳои баланди варзишӣ расид.

 

Ҳини сӯҳбат Азиза бо фахр мегӯяд, ки дар оянда нияти иштирок дар олимпиадаи дунёвиро дорад.

Ҳамин тавр, минбаъд бо дастгирӣ ва кӯмаки падару модар ва мураббиёни ботаҷриба А.Шамсиева қуллаҳои баланди варзиширо забт намуда, чемпиони ҷаҳонӣ шуд ва дар асоси имтиёз имсол донишҷӯи бахши якӯми Донишгоҳи Давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд гардид.

 

Дар оянда Азиза Шамсиева орзуҳои калон дорад ва ҳамчун ҷавондухтараки бомаърифати Ватани маҳбуб ба ҳукумату давлати Ҷумҳурии Ӯзбекистон миннатдорӣ баён мекунад, ки ин қадар шароит ва имкониятҳои васеъ барои бачаҳо, наврасон дар тамоми самтҳои варзишӣ фароҳам карда шудааст.

 

Қобили зикр аст, ки дар мактаби варзишии бачагон ва наврасони рақами дуюми Сартеппаи шаҳри Самарқанд зиёда аз 1953-нафар бачагон дар 17 самти варзишӣ машқ карда, байни онҳо чемпионҳои ҷаҳонӣ ва чемпионҳои Осиё, чемпионҳои мусобиқаҳои байналхалқӣ хеле зиёданд.

 

Дар навбати худ чемпиони дукаратаи ҷаҳонӣ, ҷоизадори мусобиқаҳои байналхалқӣ, аъзои ҷамоаи яккачин байни наврасони республика Азиза Шамсиева пайваста бо ҳамсолонаш дар тамрин буда, мехоҳад қуллаҳои баланди варзишии ҷаҳониро забт намояд ва парчами давлати моро болотар бардорад.

 

Барои ин бошад, дар Ватани маҳбуби мо Ӯзбекистон барои бачагон, наврасон ва ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, дари имкониятҳо боз аст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий