» » » Фаъолияти 400-то корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд


Фаъолияти 400-то корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд

Дар рафти боздиди матбуотии намояндагони Васоити Ахбори Оммаи вилоят дар ноҳияи Пастдарғам, маълум гардид, ки дар ҳудуди иқтисодии ноҳияи мазкур, зиёда аз 400-адад корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият бурда, қисми бисёри аҳолии атроф ва шаҳри Самарқанд бо кори доимӣ таъмин карда шудаанд.



Ҳамин тавр, ҳангоми дидан кардани ҶДММ "Мароқанд Кабел Инвест” маълум гардид, ки корхонаи мазкур соли 2018-ӯм ташкил карда шуда, бо истеҳсоли чароғҳои ледӣ, кабел ва семент ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда гузошта меояд.

 

Ин лампаҳое, ки дар навор пешкаши тамошобинон карда шудааст, лампаҳои ледии камхарҷ буда, дар корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то 4-ҳазор дона истеҳсол карда мешавад. Барои муайян кардани сифати он бошад, дар таҷҳизоти навини замонавӣ дар бадали 8-соат аз назорат гузаронида мешавад.

 

Ҳаҷми солонаи истеҳсолот 8700 млн сӯмро ташкил дода, маҳсулоти корхона ба тамоми ҳудудҳои республика ва давлатҳои ҳамдӯстии ҳамсоя расонида мешавад.

 

Чанде пеш бошад, корхона ба рафти истеҳсолот навгонӣ дохил карда, ба истеҳсоли симҳои ба барқ пайвасткунанда нуктаи барқдиҳӣ ба телефонҳои мобилиро низ илова карда сохта истодааст.

Маъмурияти корхона дар оянда нақша доранд, намуди маҳсулотҳоро зиёдтар карда, ба давлатҳои мутараққӣ экспорт намоянд. Барои ин бошад, ҳам ашёи хом ва ҳам дастони корӣ мавҷуданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий