» » » Хизмати ҳуқуқии бепул барои гирифтани алимент


Хизмати ҳуқуқии бепул барои гирифтани алимент


Хизмат дар ҳалли масъалаҳои тақсими мерос, вайронкунии кодекси меҳнат, пардохти зарари моддӣ, ҷудошавии оилаҳо, гирифтани хона ба таври имтиёзнок, баҳс оид ба гирифтани ҳавлию ҷой, беаҳамиятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зӯроварӣ дар хона, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, пардохти андоз ва масъалаҳои марбут бо он, гум шудани чиз ва дуздӣ, аз нав барқарор кардани ҳуҷҷатҳои гуногуни гумшуда, пардохти қарздорӣ, масъалаҳо марбут бо алимент ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаётиву ғайраҳо ба таври бепул дар иттиҳодияи республикавии ҷамоатии "Юксак салоҳият”-"Салоҳияти баланд”, ки моҳи феврали соли 2020-ӯм дар асоси қарори Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуд, расонида мешавад.

 

Аз ин ҷо, 16-марти соли равон бо дастгирии садорати вилоятии Адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, филиали вилоятии иттиҳодияи ҷамоатии "Юксак салоҳият”-"Салоҳияти баланд” дар Самарқанд ташкил карда шуд.

 

Иттиҳодияи самарқандӣ, аллакай, ба зиёда аз 500-нафар шарҳвандони вилояти Самарқанд ба таври ройгон-бепул дар самти ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаётӣ, тайёр кардани ҳуҷҷатҳои мухталиф ёрии амалӣ расонидааст. То моҳи декабри соли равон бошад, филиали иттиҳодияи номбурда дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои Самарқанд ва Тайлоқ амал карда, ба ҳаммаи муроҷиатҳои аҳолӣ ёрии амалӣ расонида меояд.

 

Дар машғулият-тренинги дар мавзӯи "Расонидани маслиҳатҳои муфид ба аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ”-и шӯъбаи самарқандии иттиҳодияи ҷамоатии "Юксак салоҳият”-"Салоҳияти баланд”-и дирӯз бо ташаббуси барномаи "USAID” оид ба ислоҳотҳои дар Ӯзбекистон гузашта истода, ташкил карда, дар бораи баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, демократикунонии ҷамъият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ, дараҷаи таълими он, тарғиби ҳаёти солим, ёрмандӣ ба рушд ва дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ дар самти ҳуқуқ ва озодии бунёди ҷамъияти шаҳрвандӣ, воситаҳои пешниҳоди хизмат ва сарҳисоби он ва ғайра сухан карда шуд.

 

Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванд метавонад ба таври ройгон-бепул аз хизмати маслиҳатии филиали вилоятии иттиҳодияи ҷамоатии "Юксак салоҳият”-"Салоҳияти баланд” дар Самарқанд кор бурда истода, бепул истифода барад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий