» » » Дар арафаи Соли Нав нархи гӯшт ва маҳсулотҳои талаби якӯми аҳолӣ чанд сӯм мешавад?


Дар арафаи Соли Нав нархи гӯшт ва маҳсулотҳои талаби якӯми аҳолӣ чанд сӯм мешавад?

Ҳамеша бо фарорасии ин ё он иди миллӣ ва ё идҳои ҷаҳонӣ нархҳо дар дӯконҳои савдоиву бозорҳои вилояти мо баланд шуда, мардум маҷбур мешаванд, ки дар арафаи идҳои гуногун аз маҳсулотҳои тару тозаи қиммат дастурхони худро пур кунанд. Аммо бо гузашти вақт ва талаби замон бо қарору фармонҳои мухталифи ҳукуматӣ ва Президенти мамлакат ба таври сунъӣ баланд шудани нархҳо зери назорат гирифта шуда, барои халқ шароити мусоид фароҳам карда шуда, нархи маҳсулотҳо арзон карда шуда истодаанд.

 


Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи нарху наво дар бозорҳо мо бо гурӯҳи эҷодии шабака, дар арафаи Соли Нави омадаистода, ба яке аз бозорҳои калони Самарқанд, бозори Сиёб роҳ пеш гирифта, оид ба нархҳо лавҳа омода намудем.

 

Бо мақсади мустаҳкамтар намудани назорат дар манзилҳои савдоиву бозорҳо ҳокими вилояти Самарқандпарерӯз дар маҷлиси навбатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва назорати нархҳо дар бозорҳо сухан карда, ба ҳокимони ноҳияҳову шаҳри Самарқанд вазифаи ташкили гурӯҳҳоро иборат аз масъулини департамент, прокуратура ва андозро таъин намуда, таъкид кард, ки ҳар рӯз марказҳои савдоии калон бояд ба шӯъбаи вилоятии иқтисод оиди нархҳо дар бозорҳову шохобчаҳои гуногуни савдоӣ маълумот расонанд.

 

Дар рафти сӯҳбат таҳлилчии мониторингӣ-назоратии бозори Сиёб гуфт, ки ҳар рӯз нархҳо аз назорат гузаронида шуда, дар бораи натиҷаи он бегоҳ ба ҳокимияти вилоят ҳисобот фиристода мешавад.

 

Ходимони савдо дар бозор дар рафти саволу ҷавоб дар бораи пасту баландии нархҳо фикри худро чунин баён карда гуфтанд, ки дар нархи муайян кардашуда маҳсулотҳои талаби аввал фурӯхта мешавад.

 

Тибқи фикри роҳбари бозори Сиёб Ҳусниддин Аслиев харидорон имконияти аз бозор бо нархи 45 ҳазор сӯм харидани гӯштро ҳам доранд. Ба саволи чӣ гуна метавон нархи маҳсулотҳоро дар бозор як хел дошта истод, роҳбари бозор илова гуфтанд, ки барои пур кардани амбори захираҳои маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ маъмурияти бозор кӯшиш доранд, ки бо корхонаву ташкилотҳо шартнома баста, маводи заруриро бо нархи арзон ба аҳолӣ бирасонанд. Ҳоло бошад, дар ин самт, корҳои амалӣ бурда шуда истодаанд.

 

То вақти имрӯзи соли равон, яъне дар ҳолати 17-декабр дар бозори Сиёб нархҳо чунинанд:

-гӯшти мол (1 кг )-аз 53 000 то 55 000 сӯм;

-гӯшти мурғ (1 кг )-аз 18 000 то 20 000 сӯм;

-тухум (1 донааш )-аз 900 то 1150 сӯм;

-орд (1 кг )-аз 3 500 то 4 500 сӯм;

-равғани пахта (1 литр )-аз 11 000 то 14 000 сӯм;

-шакар (1 кг )-5 800 сӯм;

-биринҷ (1 кг )-аз 7 000 то 11 000 сӯм;

-макарон (1 кг )-аз 6 500 то 8 500 сӯм;

-картошка (1 кг )-3 500 сӯм;

-сабзӣ (1 кг )-2000 сӯм;

-пиёз (1 кг )-1 500 сӯм;

-шалғам (1 кг )- 2000 сӯм;

-карам (1 кг )-1 500 сӯм;

-помидор (1 кг )-аз 8 000 то 11 000 сӯм;

-бодиринг (1 кг )-аз 14 000 то 16 000 сӯм;

-себ (1 кг )-аз 4 500 то 18 000 сӯм;

-нок (1 кг маҳсулоти хориҷа )-аз 15 000 то 20 000 сӯм;

-банан (1 кг )-аз 18 000 то 20 000 сӯм;

-ангур (1 кг )-аз 8 000 то 13 000 сӯм;

-мандарин (1 кг маҳсулоти хориҷа)-аз 45 000 то 50 000 сӯм.

Комментариев: 0
Добавить комментарий