» » » Бозиҳои шавқовар бо дӯстон беҳтар аст ё телефон?


Бозиҳои шавқовар бо дӯстон беҳтар аст ё телефон?

Ин мавзӯъ дар барномаи рангини солинавии телеклуби оилавии "Ал-тоҳир” манзури тамошобинон карда мешавад.



Маълуми ҳамагон аст, ки ҳар сол аз аввали моҳи декабр дар телеклуби оилавии Алтоҳир ҷараёниороишотии солинавӣ ва ба саҳнагузории афсонаҳои дӯстдоштаи бачаҳо оғоз мегарданд.

Гузоштани чароғакҳои ҳархела, бозичаҳои ҳарранга, барфакҳои ялаққосӣ, оро додани арчаи сарсабзу хуррам, интихоби мусиқа, тарона, сурудҳои шӯху азёд кардани матни барномаи шавқовар, интихоби рол, сару либоси Бобои барфӣ ва Барфак-Снегурочка ва ғайраҳо дар ҷараёнанд.

 

Тибқи фикри ташкилотчиён имсол тавассути бозиҳои гуногун ва омадани Бобои Барфӣ, мавзӯи шабу рӯз дар телефонҳо нишастани бачаҳо ва зарари он ба инсон интихоб карда шуда, афсонаи тарбиявии шавқовари "Қасри афсонавии Бобои Барфӣ” тайёр карда шуда истодааст.

 

Гурӯҳи эҷодии телеклуби Алтоҳир, як гурӯҳ ҷавонони боистеъдод ҳар рӯз пайваста машқи матну ролҳоро карда, ҳаракат доранд, то фардо ҳама ба дараҷаи аъло ба саҳна бароянд.

Дар рафти сӯҳбат ёрдамчии Бобои Барфӣ Элф мегӯяд, ки "албатта, истифодаи интернет ва телефонҳо ин талаби замонанд, аммо ба сӯҳбат, хондани китобҳои пурмазмун, хурсандӣ карданва ташкили бозиҳои аҷоибу шавқовар бо дӯстон ва наздикон, ки беҳтарин воситаи алоқаи байни ҳамдигарист, ягон чиз баробар шуда наметавонад”.

 

Хоҳишмандон метавонанд, бо аҳли оилаи худ аз барномаи рангин баҳраманд шаванд.

Ҳамин тавр, риоя ба қоидаҳои карантинии имсола ва риоя ба қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, санаи 20-декабр бо иштироки на зиёда аз 25 ё 30-нафар тамошобин, барои ҳам бачаякону ва ҳам падару модарон дар телеклуби оилавии Алтоҳир, намоиши шавқовари солинавӣ манзури ҳамагон карда мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий