» » » Муамммои дода шудани барқ ва гази табиӣ кай ҳал мешавад?


Муамммои дода шудани барқ ва гази табиӣ кай ҳал мешавад?

Чанде пеш ба таҳририяти мо аз истиқоматкунандагони маҳаллаи "Бунёдкор”-и ш.Самарқанд муроҷиат оид ба набудани гази табиӣ ва барқ расонида шуд.



Бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур, мо ба маҳаллаи номбурда роҳ пеш гирифтем.


Дар рафти сӯҳбат бо аҳолии маҳаллаи "Бунёдкор” маълум гардид, ки таи се чаҳор соли охир дар маҳаллаи номбурда, дода шудани гази табиӣ ва барқ мунтазам канда шуда, беморону маъюбон, ногиронон дар азобанд.

 

Қарздорӣ аз барқ ва гази табиӣ дар маҳалла қариб, ки мавҷуд набуда, сокинон мунтазам пули хизмати коммуналиро дар мӯҳлати муайян супорида меоянд ва дар рафти сӯҳбат мегӯянд, аз сабаби набудани гази табиӣ аҳолӣ аз барқ бисёртар истифода мебаранд...аммо он ҳам мунтазам дода намешавад.

 

Вақте, ки мо ба намояндаи корхонаи "Самарқанд шаҳар электр тармоқлари” оид ба мауаммои мавҷуда муроҷиат намудем, ходими корхонаи мазкур дар ҷавоб гуфт, ки аз сабаби сард-хунук шудани обу ҳаво аҳолӣ аз свет-барқ бисёртар истифода бурда, таҷҳизоти махсуси барқдиҳанда "бори вазнин”-ро бардошт накарда, таъмирталаб гаштааст. Рӯзҳои наздик масъулини соҳа дар ин самт корҳои амалӣ бурда, дода шудани свет-барқро ба роҳ мемонанд.

 

Оиди набудани гази табиӣ бошад, аҳолӣ дар рафти мулоқот гуфтанд, ки солҳои пешин дар маҳалла дода шудани гази табиӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, аз чӣ сабаб, таи солҳои охир гази табиӣ намеояду хонаҳо хеле хунуканд.

 

Қобили зикр аст, ки чун дар тамоми маҳаллаҳои Самарқанд, дар маҳаллаи номбурда, мағозаю дӯконҳои нону гӯшту таомҳои миллӣ амал карда, истиқоматкунандагон барои зисту зиндагонии худро ба пеш бурдан, пайваста меҳнат мекунанд. Аз ин ҷо, рӯзи ба наворгирии лавҳаи мазкур дар назди ин дӯконҳо низ таҷҳизоти махсуси барқ-светдиҳанда гузошта шуда мардум кор мекарданд.

Дар рафти сӯҳбат раиси маҳалла оид ба ҳалли муаммо бурда шудани гуфтушунид бо масъулини ташкилотҳои барқу гази табиӣ гуфта дод...

 

Мана Соли Нав ҳам дар мекӯбад умед аст, ки мутассадиён ба ин масъалаи муҳимтарини давр аҳамият дода, барои бо хурсандӣ якҷоя бо аҳли оилаҳои худ гузаронидани тантанаҳои оилавии солинавӣ, муаммои набудани барқ ва гази табииро ҳал мекунанд. Зеро дар шароити давом ёфтани пандемияи ҷаҳонии коронавирус ҳама бояд дар хона бошанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий