» » » Тадбир таҳти шиори “Тарбиячии тарбиядиҳанда-худ бояд намунаи ибрат бошад”


Тадбир таҳти шиори “Тарбиячии тарбиядиҳанда-худ бояд намунаи ибрат бошад”


Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи № 37-и ш.Самарқанд дар ҳошияи моҳонаи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии шӯъбаи шаҳрии таълими халқи Самарқанд тадбири хотимавӣ таҳти шиори "Тарбиячии тарбиядиҳанда-худ бояд намунаи ибрат бошад” гузаронида шуд.

 

Чорабинӣ бо шунавонидани гимни Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардид. Сипас, методисти шӯъбаи шаҳрии таълими халқи Самарқанд Раъно Бӯриева муаллимони фанҳои гуманитарии мактабҳои умумтаълими шаҳри Самарқандро хайрамақдам намуда, оиди аҳамияти ташкили чорабинии мазкур барои хонандагон, омӯзиши чуқури таърихи Ватан ва тарбияи насли наврас истода гузашт.

 

Директори муассисаи таҳсилоти умумии рақами 37-ӯми ш.Самарқанд Замира Маҳмудовна Акрамова оиди натоиҷи моҳонаи фанни таърих ва иштироки ҳар як талаба дар ҷараёни дарсҳо, аз худкунии мавзӯъҳо ва нақши устозод дар баррасии ҳар як мавзӯъ ва тарбияи ҳисси ватанпарварӣ дар қалби ҳар як хонанда истода гузашт.

 

Қобили зикр аст, ки барномаи пурмӯҳтаво бо сарварии муаллимаи фанни таърихи мактаб Замира Тошмуҳаммедова, ки зиёда аз 35 сол дар ин даргоҳи илмомӯзӣ бачаҳоро сабақ меомӯзонанд, инчунин бо кӯмаки муаллимони дигари фанни таърихи даргоҳи илмомӯзии номбурда тайёр карда шуд.

 

Ба устодон бахусус образҳои Амир Темур, Бибихонум Алишер Навоӣ ва (ва дигар шоиру нависандагони асрҳои гузаштаи халқи мо) хеле писанд омад.

 

Рақси "Духтарони Сурхондарё” ҳам бо маҳорати баланд иҷро гардид.

Хуллас, дар рафти чорабинӣ талабагон кӯшиш карданд, ки намунаҳои ҳам рақси вилоятҳои гуногуни кишвари маҳбуби мо Ӯзбекистон ва ҳам сурудҳои дилнишинро бо маҳорати баланд иҷро намоянд.

 

Намоиши таърихи Ватан тавассути монитор бо воситаи седе дар экран ва хондани суруди Ватан бо бароварда шудани парчами давлатӣ дастурро намунавитар гардонид.

 

Ҳини сӯҳбат иштирокчиёни тадбири мазкур аз таассуротҳои худ нақл карда, дастури талабагон ва баромади онҳоро баҳои баланд доданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий