» » » Дар Самарқанд обу ҳаво чӣ гуна мешавад


Дар Самарқанд обу ҳаво чӣ гуна мешавад


Минбаъд ходимони идораи обу ҳавосанҷии вилояти Самарқанд на дар фосилаи се соат, балки дар ҳар як дақиқа маълумоти ҳарорати ҳавои вилояти Самарқандро муайян карда, ба таври фаврӣ-онлайнӣ ба Тошкандшаҳр метавонанд, фиристод.

Сабаб, гузошта шудани таҷҳизоти нави замонавии стансияи автоматикунонидашудаи ҳавосанҷӣ мебошад.

 

Қобили зикр аст, ки оғоз аз соли 2019-ӯм дар асоси дастури махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ таҷҳизоти навини обу-ҳавосанҷӣ дар идораи мазкури вилояти Самарқанд гузошта шуда, тавассути он маълумоти аниқи ҳарорати ҳаво дар ҳар як дақиқа муайян карда шуда, ба таври онлайнӣ ба марказ фиристода мешавад.

 

Чунин таҷҳизоти замонавии назоратии ҳарорати обу ҳаво, дар чаҳор нукта-постҳо: дар ш.Самарқанд, дар ноҳияҳои Қӯшработ, Нурободу мавзеи Пайшанбеи ноҳияи Қаттақӯрғон ҳам гузошта шуда аст.

 

Миқдори борон, тезӣ ва самти шамол, намӣ ва ҳарорати ҳаво, фишори атмосфера яъне ҳавои атрофи замин ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба маркази Ӯзгидрометеои республика ба зудӣрасонида мешавад.

 

Дар ҳудуди республикаи мо чаҳор фасли сол як зайл гузашта, фасли зимистон хушктару хунуктар меояд. Умед аст, ки дар Соли Нави омада низ, фаслҳои сол дар муҳлати муайян гузашта, паи ҳамдигар ба хонадони ҳар яки мо, муждаҳои нав меорад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий