» » » Дар Самарқанд чанд нафар аз коронавирус муолиҷа мегиранд?


Дар Самарқанд чанд нафар аз коронавирус муолиҷа мегиранд?

Мана зиёда аз як сол мешавад, ки беморӣ бо номи коронавирус тамоми оламро ба ларза оварда, тарзи зисту зиндагонии ҳаёти халқи дунёро куллан дигар кард. Дар тамоми давлатҳои олам карантин эълон карда шуда, аҳли башарият дар хона нишастанд.

 


Баъди бурда шудани тадқиқотҳои зиёд ва зина ба зина омӯхта шудани вирус миқдори гирифтор шудагону фавтидагон кам гашта, сафи муолиҷа ёфтагон зиёд шуд.

 

Тибқи маълумотҳои Ташкилоти Байналхалқии Тандурустӣ наздики якуним миллион аҳолии дунё аз ин беморӣ вафот карда, ҳамин қадари аҳолии дунё шифо ёфтаанд.

 

Чун дар дигар мамолики ҷаҳон баъди паҳни ин беморӣ дар олам, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳам чораҳои зиёди пешгирӣ ва паҳни коронавирус андешида шуда, нисбати дигар мамлакатҳои дунё адади сироятёфтагон дар республикаи мо нисбатан кам буд.

 

Ҳамин тавр, чанде пеш бо мақсади равшанӣ андохтан ба вазъият дар вилояти Самарқанд то моҳи январи соли 2021-ӯм, мо ба Хосписи дар мавзеи Кимёгарони шаҳри Самарқанд ташкил карда шуда, рафта оиди вазъияти имрӯза нисбати беморони коронавирус маълумот гирифтем.

 

Дар Хосписи мазкур мо шифокор-ҷарроҳ Шавкат Зайдиновро ҳангоми сӯҳбат бо расия вохӯрдем. Шифокор ҳар пагоҳӣ корро аз дидан кардани беморони коронавирус ва ҷамъи мавод оид ба ҳолати онҳо сар карда, ҳамаи маълумотҳоро бо ҳамшираи калони тиб Ольга Якубова ба сайти ягонаи ҷумҳурӣ ворид кардан машғул буд.

 

Тибқи маълумотҳо дар шифохонаи мазкур ҳамагӣ 30-нафар бемормуолиҷа гирифта, аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ шифохонаи мазкур бо доруҳои зарурӣ ва таҷҳизотҳои навини замонавӣ аз қабили "ИФА”-тафҳизоти муайянкунандаи миқдори фибринагенро дар хуни одамизод, ва таҷҳизоти ба таври сунъӣ расонидани ҳаво-барои расонидани кислород "СПАБ, 20-то монитор барои назорати фишори хун, сатуратсияи касалҳову ғайра таъмин карда шудааст.

 

Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва Садорати тандурустии вилояти Самарқанд, таъмини ҳар як ходими тиббро бо антисептик, воситаҳои дезинфексионӣ, ниқоб ва либосҳои махсуси якдафъагӣ ва расонидани доруву таҷҳизоти замонавиро зери назорат гирифтаанд.

 

Айни ҳол дар муассисаи табобатии мазкур ҳамагӣ 16-нафар ходимони тиб дар се смена кор карда, ба ҳар як бемор ба таври индивидуалӣ муносибат карда мешавад.

 

Вазъияти имрӯзаи пешгириву паҳни коронавирус дар олам ба ҳамагон тавассути шабакаҳои ҷаҳонӣ маълум буда, дар Аврупою Иёлоти Муттаҳидаи Америка мавҷи дуввум ва саввуми беморӣ меравад.

 

Ҳукумати республикаи Ӯзбекистон бошад, барои таъмини соҳаи тандурустии ватаниро бо таҷҳизот ва доруҳои зарурӣ пайваста кӯшиш намуда, чораҳои пешгирии минбаъдинаи паҳни вирусро зери назорати ҷиддӣ гирифтааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий