» » » Вохӯрӣ дар Омӯзишгоҳи Олии Қумондонӣ Автомобилӣ-ҳарбии Самарқанд


Вохӯрӣ дар Омӯзишгоҳи Олии Қумондонӣ Автомобилӣ-ҳарбии Самарқанд


Дар доираи тадбирҳои моҳонаи кинотарғиботии республика таҳти шиори "Ӯзбекистони нав ва кинематографияи Миллӣ” дар Омӯзишгоҳи Олии Қумондонӣ Автомобилӣ-ҳарбии шаҳри Самарқанд вохӯрӣ бо муаллифи филмҳои машҳури ватанӣ кинорежиссёр, нишондори ордени "Дӯстӣ”, ходими шоистаи маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Қосимов, артисти шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, киноактёр Карим Мирҳодиев ва ҷонишини раиси Иттиҳодияи Киноарбобони республика Ҷурабек Рӯзметовҳо баргузор гардид.

 

Дар оғоз барои сарбозон филми ҳуҷҷатӣ оид ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ислоҳотҳои соҳа ва филм дар бораи таърихи рушди кинематографияи Миллӣ намоиш дода шуд.

 

Ҳангоми ба саҳна баромадани намояндагони кинои ҷумҳурӣ сарбозон бо кафкӯбиҳо пешвоз гирифтанд.

 

Роҳбарияти Омӯзишгоҳи Олии Қумондонӣ Автомобилӣ-ҳарбии Самарқанд меҳмононро аз шароити имрӯзи омӯзишгоҳ маълумот расонида, дар бораи имкониятҳои мавҷудаи артиши миллии Ватан истода гузашт.

 

Сипас, ҷонишини раиси Иттиҳодияи Киноарбобони республика Ҷурабек Рӯзметов ба сухан баромада ҳозиринро бо фарорасии рӯзи ҳимоятгарони Ватан табрик гуфт.

Муаллифи филмҳои машҳури ватанӣ кинорежиссёр, нишондори ордени "Дӯстӣ”, ходими шоистаи маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Қосимов, ки тамошобинон номи ин кинорежиссёри машҳурро тавассути филмҳои "Шайтанат”, "Дев ва пакана”, "Квадрати 18-ӯм” ва ғайраҳо хуб медонанд, дар баромади хеш дар бораи рушди киноиндустрияи ҷумҳурӣ ва рафти наворҳои шавқовар нақл намуд...

 

Артисти шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, киноактёр Карим Мирҳодиев бошад, дар баромади хеш оид ба ҷараёни наворбардории филмҳо ва лаҳзаҳои хандаовар нақл карда дод.

Қобили зикр аст, ки дар вақти босуръат ба пеш рафтани давру замон роҳ ёфтан ба қалби ҳар як шахс ва тарбия намудани ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарвариву меҳандӯстӣ ташкили чунин чорабиниҳо, ки тавассути он метавон аз наздик бо шахсиятҳои машҳур ва маъруф шинос шуду сӯҳбат кард, дар бораи ҳаёташон маълумот гирифт, дорои аҳамияти калон аст.

 

Аз ин ҷо, баргузории чунин тадбир ва намоиши филмҳои муаллифони ватанӣ ҷавонон, наврасонро баҳри боз ҳам бисёртар аз қалб дӯст доштани кишвари маҳбуб Ӯзбекистон ҳидоят намуда, дар тарбияи онҳо аҳамияти калон дорад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий