» » » Баргузории рӯзи ҳимоятгарони Ватан дар муассисаи умумтаълими миёнаи рақами 22-и ш. Самарқанд


Баргузории рӯзи ҳимоятгарони Ватан дар муассисаи умумтаълими миёнаи рақами 22-и ш. Самарқанд

Қобили зикр аст, ки дар муассисаи умумтаълими рақами 22-и ш.Самарқанд, ҳар як иду тадбирҳо бо дастгирии маъмурияти мактаб ва маҳалла ташкил карда шуда, бо кӯмаки раисони маҳаллаҳои атрофи мактаб, аз қабили: раиси маҳаллаи "Чашма”, раиси маҳаллаи "Сӯзангарон” Ислом Ахмедҷоновҳо, падару модарони фаъол амсоли Ирода Акрамова, Толиб Усмонов ва чанде дигарон, инчунин роҳбари мактаби мазкур Орзу Ахмедов, мудири қисми илмӣ Наима Мирзоева ва роҳбари синфи хонандагони синфи 4-ӯм, Меҳринисо Ваҳҳобоваҳо дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

 

Дар тадбир хонандагони синфи 4-и мактаби мазкур бо роҳбарии Меҳринисо Ваҳҳобова шеъру тарона рақсу саҳначаҳоро аз ҳаёти ҳарбиён бо маҳорати баланд иҷро намуда, сазовори эътифи беохири иштирокчиёни чорабинӣ гардиданд.

 

Нотиқон дар хотима, дар бораи аҳамияти чунин чорабиниҳо дар тарбияи насли наврас ва пурзӯртар намудани ҳисси ватанпарвариву меҳандӯстӣ дар қалби наврасон, талабагон, мардиву шуҷоат, садоқату далерӣ ҳарф заданд.

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий