» » » Аспҳо дӯсти наздик ва мададгори инсон


Аспҳо дӯсти наздик ва мададгори инсон


Умуман гирем агар, ҳамагӣ қариб саду панҷоҳ сол муқаддам воситаи асосии ҳаракат аз як самт ба самти дигар мошин неву ин аспҳо буданд. Дар бораи аспу аробаҳо ҳатто романҳо навишта шуда, филмҳои бадеӣ ҳам наворбардорӣ карда шудаанд.

Соли 1965-ӯм кинорежиссёр Борис Кимёгаров аз рӯи сенарияи шоири бузург МирзоТурсунзода вақти гузариш аз ин воситаи нақлиётӣ-яъне хизмати аспҳо ба ҳаракати техника-мошинҳоро, дар филми "Ҳасани аробакаш” ин ҷараёнро тавассути қаҳрамони филм Ҳасан хеле хуб инъикос кардааст.

 

Имрӯз дар асри бисту якӯм бошад, бонӣ ва парвариши асп дар шаҳрҳо кори наонқадар тараққикарда буда, ин воситаи ҳаракат, нигоҳ доштани аспҳо, маҳз дар деҳаҳо фоидабахштар гаштаанд.

 

Маълуми ҳамагон аст, ки дар Самарқанди бостонӣ ҳам чанд сол муқаддам маркази аспбонон ташкил карда шуда буду варзиши саворагӣ рушд меёфт.

 

Чанде пеш мо дар яке зиёратгоҳҳои аз шаҳр дури Самарқанд воқеъ дар деҳаи Оқсойи Самарқанд шуда гувоҳи он гаштем, ки аспҳоро аҳолии ин мавзеъ дӯст дошта бонӣ мекунанд.

 

Дар рафти сӯҳбат сокинони деҳаи номбурда гуфтанд, ки аз давраҳои қадим дар хона аспҳоро бонӣ карда, барои дар кӯҳҳои сарбафалаккашида баромадану дигар эҳтиёҷот истифода мебаранд.

Инчунин барои пирон ва ашхосе, ки ба 1303 зинаи зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд аз сабаби саломатӣ ба тезӣ баромада наметавонанд, бо аспҳо ба болои кӯҳ мебароянд.

 

Ҳар ду ҷавон бо меҳрубонӣ аспҳои худро навозиш карда илова гуфтанд, ки аспони худро ҳамчун дӯст медонанд. Бо онҳо ҳар замон гап зада, аз фармонбардории онҳову нигоҳашон бисёр чизҳоро мефаҳманд.

 

Бигузор ин гуна ҳамоҳангӣ дар табиат байни инсон ва дӯстони чорпои онҳо ҳамеша дар мувофиқат бошаду инсон ба ҳамдигар бо ин воситаҳо ёрирасони якдигар бимонад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий