» » » Кӯчаҳои Самарқанди бостонӣ васеътар гардонида мешаванд


Кӯчаҳои Самарқанди бостонӣ васеътар гардонида мешаванд


Таи солҳои охир тамоми ҷонибҳои шаҳри бостонӣ куллан дигар гашта, дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ ислоҳотҳои азим бурда мешаванд. Корҳои зиёди сохтмонӣ, бунёдкорӣ давом дода шуда, биноҳои серошёнаву манзилу макон қад афрохта, кӯчаҳои Самарқанд васеъ ва равонтар мегарданд.

Ҳамин тавр, агар моҳи октябри соли 2019-ӯм дар кӯчаи ба номи Усто Умар Ҷӯрақулови ш.Самарқанд корҳои реконструксионӣ сар карда шуда бошанд, то моҳи январи соли 2021-ӯм бошад, қариб 70 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудаанд.

 

Қобили зикр аст,ки имрӯз корҳои сохтмонии роҳро корхонаи воҳиди ягонаи "Истифода аз роҳҳо”-и ноҳияи Оқдарё бурда, кор дар маҷмӯъ иҷро мегардад. Яъне дар баробари ободонии роҳ якбора қубурҳои канализатсионӣ, қубурҳои обраву ҷӯйборчаҳои махсус барои оби борону барф яъне лотокҳо, чароғҳои равшанидиҳанда, роҳ барои велосипедронон ва пиёдагардон, истгоҳҳо барои автобусҳо дар роҳҳои иловагии мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳам гузошта шуда истодаанд.

 

Маълуматон, ки кӯчаи мазкур яке кӯчаҳои марказӣ ва куҳани шаҳри қадим буда, солҳои пешин дар шафати роҳҳои ин ҷониб ҳар гуна корхонаҳои хурду мағозаҳои кӯҳна ва ҳавлиҳои бетаъмирҷой гирифта буд. Баъди соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб, ин ҷониби шаҳр батамом шакли нав гирифта, роҳҳо низ аз пешина васеътар гардонида шуданд.

 

Аз ин ҷо, дар давоми корҳои бунёдкорӣ солҳои охир мутобиқ ба талаби замон кӯчаи ҷониби ёдгории Шоҳи зинда, ки аз шафати кӯчаи Усто Умар Ҷӯрақулов мегузарад, илова ободтар карда шуда, то ҷониби роҳи калони ноҳияи Тайлоқ, яъне худи роҳи нақлиётии ба номи Усто Умар Ҷӯрақулов васеътар карда шуда истодааст.

 

Дар хотимаи маълумот роҳбари корҳои сохтмонӣ Равшан Нурмаматов илова намуд, ки барои бурда шудани корҳои реконструксионии кӯчаи ба номи Усто Умар Ҷӯрақулови ш.Самарқанд зиёда аз 57, 6 миллиард сӯм маблағ сарф карда шуда истода аст.

 

Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ мо боз ба ин мавзӯъ бармегардем.

Комментариев: 0
Добавить комментарий