» » » Маслиҳатҳои муфиди шифокорони ҳиндустонй дар клиникаи “Зармед”-и ш. Самарқанд идома дорад


Маслиҳатҳои муфиди шифокорони ҳиндустонй дар клиникаи “Зармед”-и ш. Самарқанд идома дорад


Ба клиникаи "Зармед PRATIKSHА Боғишамол”-и ш.Самарқанд мана таи якчанд рӯз аст, ки аз клиникаи серсоҳаи "W PRATIKSHA”-и давлати Ҳиндустон ҷарроҳи абдоминалӣ доктор Дхадмендр Шарма ва шифокор-нейрохирург профессор Рамдас таклифӣ карда шуда, барои аҳолӣ маслиҳатҳои муфид мерасонанд.

 

Дарди сар, вайроншавии қисми пушти мияи танаи одам, остеохондрози гардан ва дигар патологияҳои одамизодро шифокорони ботаҷрибаи Ҳиндустон табобат карда, маслиҳатҳо дода меоянд.

 

Ҳини сӯҳбат бошад, шифокори давлати хориҷа гуфт, ки

-Ман ба Ӯзбекистон се сол қабл омада, дар Тошкандшаҳр зиёда дусад ҷарроҳии нейрохирургиро гузаронидам. Дар Самарқанд ҳам мехоҳам минбаъд фаъолиятамро давом диҳам. Дар клиникаи "Зармед” барои кору фаъолият тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд.

 

Дар утоқи алоҳидаи клиникаи "Зармед” барои шифокор ҷарроҳи абдоминалӣ доктор Дхадмендр Шарма низ шароит карда дода шуда, таи якчанд рӯз ӯ ҳам ба беморони диабети қанд, бези рӯда ва меъда, рӯдаҳои борик ва ғафс, геморрою ғайраҳо маслиҳатҳои муфид мерасонад.

 

Қобили зикр аст, ки "Зармед PRATIKSHА Боғишамол” яке аз клиникаҳои серсоҳаи калонтарини Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, соли 2010-ӯм кори худро оғоз карда буд.

 

Ҳамин тавр, дар клиникаи мазкур аз бемориҳои дил, асаб, нейроҷарроҳӣ, касалиҳои ортопедӣ ва ғайра метавон табобат гирифт.

 

Ҳамин тавр, имрӯз дар рӯзи охирини табобат метавонед ба шифокорони ҳиндустонӣ муроҷиат кунед. Барои ин бо таҳлилҳои зарурии беморӣ метавонед ба назди шифокорон биравед.

Комментариев: 0
Добавить комментарий