» » » Олимони Самарқанд ба сафи академикони академияи фанҳои “Тӯрон” қабул карда шуданд


Олимони Самарқанд ба сафи академикони академияи фанҳои “Тӯрон” қабул карда шуданд

Дар замини муқаддаси Самарқанд дар ҳама давру замон олимону орифон, бузургону шахсиятҳои бомаърифат ба камол расида, шӯҳрати оламӣ пайдо кардаанд.

 


 

Ҳамин тавр, Қаҳрамони Ӯзбекистон Ҳасан Нормуродов, артисти шоистаи Ӯзбекистон Эркин Қайтаров, Ҳуруз Абдусаломов, Қамар Муаззамов, Раҳим Авазов, Шавкат Исматов, Сайфулло Абдуллоевҳо (ва чанде дигарон ) дар радифи чунин фарзандони фарзонаи Самарқанданд.

Дар рафти чорабинӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар самти муайяни соҳаи хеш солҳои зиёд заҳмат кашида, дар пешрафти илму фан, ҳаёти маданӣ-маърифӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон саҳми арзанда гузоштаанд, тақдир гардонида шуданд.

 

Дар тадбире, ки чанде пеш бо ташаббуси академияи фанҳои ”Тӯрон” ва маркази ахбору ресурсии ба номи А. Пушкини вилояти Самарқанд гузаронида шуд, ба ин фарзандони барӯманди Самарқанд нишонаҳои сарисинагӣ тақдим карда шуд.

 

Тадбир таҳти шиори "Дӯстии абадӣ-дӯстии адабӣ” баргузор гардида, даставвал роҳбари академияи фанҳои ”Тӯрон”Фарҳод Ахмедҷонов ба сухан баромад. Ӯ дар бораи корҳои амалигашта дар соли гузашта ва нақшаҳо дар соли нави омада маълумот расонид.

 

Инт. Фарҳод АХМЕДҶОНОВроҳбари ҳудудии академияи фанҳои "Тӯрон” дар Самарқанд

Ҳокими шаҳри Самарқанд Бобурмирзо Облоқулов дар баромади хеш дар бораи аҳамияти чорабинии мазкур дар ҳаёти вилоят ва рушди илму фан истода гузашт. Президенти академияи фанҳои "Тӯрон” Ҳайдарбек Бобобеков дар баромади хеш дар бораи фаъолияти байналмилали академия сухан кард.

 

Маълуми ҳамагон аст, ки 22-сентябри соли 2020-ӯм дар назди академияи фанҳои "Тӯрон” нашриёти "Тӯрон нашр” ва матбаа-типографияи "Тӯрон таълим маркази” ташкил карда шуда буд.

Инт. Асадулло ШУКУРОВ сармуҳаррири нашриёти "Тӯрон нашр”-и назди академияи фанҳои "Тӯрон”-и вилояти Самарқанд.

 

Қобили зикр аст, ки дар матбааи "Турон таълим маркази” китобҳои босифати илмӣ, илмӣ-оммавӣ, бадеӣ, адабиёти бачагона ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп карда мешаванд.

То вақти имрӯз филиали академияи номбурда дар шаҳрҳои Тошканд, Сурхондарё, Фарғона ва Самарқанд фаъолит бурда, аъзоёни академияи фанҳои "Турон” бо 18 мамлакати олам дар робитаи илмӣ буда, дар имрӯз зиёда аз 400-нафар аъзо дорад.

 

Дар яке аз баромадҳои хеш роҳбари кишвари мо гуфта буданд, ки ҳар як давлат ва халқ дар олам бо салоҳияти интеллектуалӣ ва маънавияти баланди худ тавоно мегардад.

Манбаи асосии ин қувваи бузург яке аз кашфиётҳои бузурги тафаккур – китоб ва китобхонаҳо мебошад.

 

Намояндаи яке аз ҳизбҳои вилоят ҳизби сотсиал-демократии "Адолат”-и шӯъбаи Самарқандӣ Бобобекова дар баромади хеш дар бораи илмомӯзӣ, чопи китобҳо ва рушди илму фанни мамлакат, аҳамияти чорабинии мазкур дар тарбияи насли наврас истода гузашт.

 

Китоби "Алишер Навоӣ дар Самарқанд” ба қалами хаттоти бомаҳорат Шавкат Исматов мансуб буда, оиди навишта шудани он хаттот гуфтанд, ки дар китоби нашр гардида муаллиф қасидаи "Ҳилолия”-и шоири бузургро бо ҳуруфоти арабӣ навишта, сипас ҳамчун китоби мукаммал бо дастхат хеш чоп кунонидаанд. Аз гирифтани нишони сарисинагии академики академияи фанҳои ”Тӯрон” сарфарозанд.

 

Дар рафти тадбири мазкур чаҳор нафар шаҳрвандони вилояти Самарқанд, ки рушди илму фан саҳмгузор гардидаанд, бо нишонаҳои сарисинагии академяи фанҳои "Турон” тақдир карда шуданд.

 

Қамар Муаззамов низ дар соҳаи фармасевтикаи ватанӣ зиёда аз 50 сол фаъолият бурда, дар чорабинии мазкур бо нишони сарисинагӣ тақдиргардонида шуданд, ҳини сӯҳбат муроҷиатан ба ҷавонон гуфтанд, ки танҳо бо меҳнати ҳалол метавон ба қуллаи мақсуд бирасид.

Комментариев: 0
Добавить комментарий