» » » Ташкили ҳудуди IT-ZONE дар муассисаи умумтаълими №-9-ӯми такягоҳии тахассусии технологияҳои ахборотӣ ва информатикаи ш.Самарқанд


Ташкили ҳудуди IT-ZONE дар муассисаи умумтаълими №-9-ӯми такягоҳии тахассусии технологияҳои ахборотӣ ва информатикаи ш.Самарқанд


Хонандагони мактаби такягоҳии рақами 9-и тахассусии технологияҳои ахборотӣ ва информатикаи ш.Самарқанд дар олимпиадаҳои вилоятӣ мунтазам ҷойҳои аввалро гирифта, дар даври республикавии озмун-азназаргузаронии "Энг яхши электрон ресурс-беҳтарин ресурси электронӣ” низ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

 

Аз ин ҷо, дар натиҷаи омӯзиши нишондиҳандаҳои боло дар самти азхудкунии воситаҳои информатикӣ, техникӣ-электронии мактаб, ин маскани зиё ба мактаби такягоҳии тахассусии технологияҳои ахборотӣ ва информатика табдил дода шуд ва дар мактаб IT-ZONE кушода шуд.

Мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҳудуди интихобӣ аз таъмири замонавӣ бароварда шуда, бо техникаҳои навин муҷаҳҳазонида шуд. Ҳолохонандагон таҳсили хешро дар утоқҳои навбунёд давом медиҳанд.

 

Қобили зикр аст, ки оғози сол аз маркази тести ш.Тошканд масъулин ба Самарқанд ташриф намуда, байни 130-нафар бачаҳои болаёқати муассисаҳои умумтаълими шаҳри Самарқанд, 60-нафар талабагони боиқтидори беҳтаринро интихоб карданд. Ин хонандагон ба ду синф тақсим карда шуда, ҳоло дар ҷараёни таҳсиланд.

 

Синфҳо дар асоси нақша дар соҳаи информатикаи веб-фенансер вариативӣ кушода шуда, барои баландтар намудани сатҳи дониши омӯзгорони соҳа ва соҳиб шудан ба дониши байналхалқиву баровардани талабагонро ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, дар дарсҳои омӯзишии устоди кореягӣ Ди Чонг Чун, ки дар асоси дастури "Энтри” гузашта мешавад, иштирок намуда, малакаву маҳорати хешро зиёд менамоянд.

 

Аз ин рӯ, ҳар сол дар охири соли хониш хонандагони синфи 4-ӯмдар асоси аризаи падару модарон ва иштироки намояндагони тести давлатии Тошкандшаҳр дар Самарқанд, беҳтарин хонандагонро дар асоси тест ва балли-холҳо интихоб намуда ба синфҳои тахассусӣ қабул мекунанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий