» » » Ӯзбекистон-хонаи умумии мо!


Ӯзбекистон-хонаи умумии мо!



Чанде пеш дар толори маҷлисии кумитаи алоқаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷа ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии маркази миллӣ-мадании тоҷикони республика баргузор гардид. Дар он оиди корҳои амалигашта дар соли 2020, ки тамоми оламро пандемияи коронавирус фаро гирифта буд, маълумот дода шуда, нақшаҳои ояндаи соли 2021-ӯм ба диққати ҳозирин ҳавола карда шуд.

 

Қобили зикр аст, ки таи солҳои охир барои мустаҳкамтар намудани базаи моддӣ-техникии кумитаи алоқаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷа ва муносибатҳои байналмилалии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо фармон ва қарори махсуси Президенти мамлакат маблағи муайян ҷудо карда шуд. Аз ин ҷо, дар конференсияи ғайринавбатии ҳисоботӣ-интихоботии маркази миллӣ-мадании тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон масъалаҳои умдатарини давр муҳокима гардид.

 

Дар хотима масъалаи интихоби раиси нави марказ дида шуда, ба сифати раиси маркази миллӣ-мадании тоҷикони Ӯзбекистон Гулбахор Субҳонова интихоб карда шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий