» » » Хонед, хонед боз хонед!


Хонед, хонед боз хонед!


Дар муассисаи умумтаълими рақами 37-ӯми ш.Самарқанд бо иштироки омӯзгорон, устодон ва падару модарони хонандагони мактаби мазкур дар мавзӯи "Баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандони ноболиғ” вохӯрӣ-мулоқот баргузор гардид.

Дар оғоз барои волидон видеоролик оид ба пешгирии гирифторӣ ба нашъамандӣ ва оқибатҳои ҳузнангези он намоиш дода шуд.

 

Сипас, директори мактаби рақами 37-ӯми шаҳр Замира Акрамова назди ҳозирин баромад карда, дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон, одатҳои зараркунанда, тарбияи фарзанд дар хона, назорат дар кӯча ва ғайраҳо сухан карданд.

 

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи маъмурияти маскани зиё ба падару модарони хонандагони дар олимпиадаҳои даври вилоятӣ ҷойҳои якӯмро ишғол карда, талабагони ботартибу хулқи хуб дошта, боинтизом, иштирокчиёни фаъол дар ҳаёти мактаб, ташаккурнома тақдим карда шуд.

Дар замони глобалӣ-башаригардии ҳаёт муқаррарист, ки бачаҳо низ хеле кунҷкобу доно гаштаанд, аз ин рӯ мебояд аз рафтору кирдор ва истифодаи онҳо аз интернет бохабар шуду ҳушёру огаҳ буд. То ин ки фарзандон ба иллатҳои манфии нашъамандӣ ва ҷиноятчигӣ даст назананад.

 

Дар ин бора ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ ва маърифӣ Умеда Шарифова, Абдураҳмон Ғафуровва ходими милитсия-назоратчии ҳудуд Ҳасан Каримовҳо маърӯза намуда, дар бораи вазъи имрӯза дар мактабу хулқу одоби хонандагон маълумот расониданд.

Дар хотима ҳар як падару модар вазифадор карда шуданд, ки ҳар рӯз бояд аз тартибу интизоми фарзандон бохабар гашта, онҳоро дар роҳи ватанпарвариву инсонҳои неку бомаърифат шудан тарбият намуда, дар рафъи кулли масъалаҳо бо мактаб-устодон ҳамкорӣ намоянд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий