» » » Дирӯз дар толори маҷлисии ҳокимияти вилоят сессияи 24-ӯми Шӯрои намояндагони халқ баргузор гардид


Дирӯз дар толори маҷлисии ҳокимияти вилоят сессияи 24-ӯми Шӯрои намояндагони халқ баргузор гардид


Онро ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов сарварӣ намуд.

Дар оғоз ҳисоботи сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Шавкат Раҳмонов оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини профилактикаи ҳуқуқшиканӣ дар соли гузаштаи 2020-ӯм шунида шуд.

Қайд гардид, ки нигоҳ накарда, ба кам гаштани ҷиноятҳо аз қабилиӣ: қотилӣ, дуздӣ, ҷароҳатрасонӣ ба тан ва ғайраҳо соли гузашта нисбат ба соли 2019-ӯм ба 291-то, ё ки ба 5, 8 фоиз афзудааст.

 

Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои гуногун, оиди бурдани корҳои ташвиқотӣ ва баланд бардоштани дараҷаи огоҳӣ ва ҳушёрии аҳолӣ таъкид карда шуд.

 

Гуфта шуд, ки танҳо агентиҳои хусусии шуғл пули миқдораш гуногуни қариб 800-нафар шаҳрванд-шахсони ҷисмониро бо роҳи фиреб гирифтаанд.

 

Ҳоким ба роҳбари Садорати корҳои дохилии вилоят ва ходимони нигаҳдории ҳуқуқ ва тартибот оиди ҳар як муроҷиати аҳолӣ, дархосту саволҳо оид ба ҷиноятҳо ва пешгирии он, масъалаи истифода аз неруи барқ ва гази табиӣ инчунин бо гирифтани қарзи калон сафар кардан ба давлатҳои ҳамдӯстии ҳамсоя ва хориҷа истода гузашта, талаб кард то аз паи ҳалли масоили марбут бо сафар ба мамлакатҳои хориҷа дар мӯҳлати муайян мутасаддиён корҳои амалиро пурзӯр намоянд.

 

Дар хотима аз рӯи масъалаҳои муҳими дар сессия дида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий