» » » Ташкили шӯъбаи танқиди адабӣ дар академияи фанҳои “Тӯрон”-и шӯъбаи Самарқанд


Ташкили шӯъбаи танқиди адабӣ дар академияи фанҳои “Тӯрон”-и шӯъбаи Самарқанд


Дар академияи фанҳои "Тӯрон”-и шӯъбаи Самарқандӣ маҷлиси навбатӣ доир гардид. Дар он якчанд масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Масъалаи аввал ин дода шудани ҳуҷҷатҳо ба соҳибони унвони академики академияи фанҳои "Тӯрон” буд. Ин ҷо ду нафар ба гирифтани унвони академики академияи фанҳои "Тӯрон” муваффақ гаштанд: устоди Донишгоҳи Давлатии Самарқанд Равшан Ҳамроқулов ва Қадриддин Халилов.

 

Ҳуҷҷат -дипломҳои фахрии академия аз тарафи раиси шӯъбаи самарқандии академияи фанҳои "Тӯрон” Фарҳод Аҳмадҷонов супорида шуд.

 

Масъалаи дуввуми дар маҷлис дида шуда, ин дар назди академияи фанҳои "Тӯрон” ташкил кардани "Иттифоқи нависандагони "Тӯрон”буд.

 

Ҳозирин таъкид намуданд, ки ташкили "Иттифоқи нависандагони "Тӯрон” масъалаи муҳимтарини давр мебошад.

 

Аз ин ҷо, дар назди шӯъбаи самарқандии "Тӯрон” ҳам шӯъбаи иттиҳоди адибони "Тӯрон” ташкил шуд ва маҷлиси аввалини он баргузор гардид.

 

Дар рафти маҷлиси мазкур оиди ташкили шӯъбаи танқиди адабӣ таклифҳо пешниҳод гардид.

Дар рафти маҷлис адибону шоирон, санъаткорону аъзоёни нави шӯъбаи иттиҳоди адибони "Тӯрон” ба сухан баромада, дар бораи чӣ гуна таълиф додани китобу умуман асарҳо, ҷалби ҷавононро ба кори академия ва аҳамияти ташкили шӯъбаи танқиди адабиву ғайраҳо ҳарф заданд.

 

Инчунин чандеи аз ҳозирин таклифи ташкили маҳфилҳои адабиро дар гузарҳои Самарқанд баён намуданд.

 

Дар хотима пешниҳодҳои дигари адибону намояндагони касбу кори дигар, ки ҳар як дар самти муайяни ҷамъият саҳми арзанда доранд, ба қайд гирифта шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий