» » » Кушодашавии мавсими сайёҳӣ дар Самарқанд


Кушодашавии мавсими сайёҳӣ дар Самарқанд


Имрӯз бо ташаббуси департаменти рушди сайёҳии вилояти Самарқанд дар назди театри драмавии вилоят чорабинӣ бахшида ба кушода шудани мавсими сайёҳӣ баргузор гардид.

 

Дар оғоз ҷонишини ҳокими вилоят оид ба рушди туризми вилоят Ботир Нуруллоев ба сухан баромада, дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Самрақанд сухан кард.

 

Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки чанде пеш фармони Президенти мамлакат дар бораи рушди сайёҳӣ ва истироҳати аҳолӣ дар рӯзҳои ҷашнгирии иду тадбирҳои миллӣ дарҷ гардида дар он гуфта мешавад, ки минбаъд дар рафти ҷашнгирии 5-то идҳои калони ватанӣ барои шаҳрвандон аз 3 то 5-рӯз рӯзи истироҳат аниқ карда мешавад.

 

Албатта, рӯзи дамгирӣ марбут бо муҳимии кори ҳар як муассиса ва ё корхона ба назар гирифта шуда, ба коргарон рӯзи дамгирӣ муайян карда мешавад.

 

Инчунин фақат рӯзҳои иду тадбирҳо нархи чипта-билети ҳавопаймо-самолёт ба 40-фоиз ва нархи нақлиёти роҳи оҳан-поездҳо ба 15 фоиз кам, яъне бо тахфиф фурӯхта мешавад.

 

Дар бозии лотереяи омаднок бошад, якчанд нафар ҳамшаҳриёнамон иштирок карда ғолиб дониста шуда, барои сафари бепул ба вилоятҳои Бухоро, Тошканд ва дигар ҷонибҳои республика роҳхат ва сертификат гирифтанд.

 

Барномаи консертӣ то дер давом кард.

Комментариев: 0
Добавить комментарий