» » » Баргузории тадбир бахшида ба рӯзи таваллуди С.Айнӣ дар ш. Самарқанд


Баргузории тадбир бахшида ба рӯзи таваллуди С.Айнӣ дар ш. Самарқанд


Мутобиқ ба қоидаҳои пандемияи ҷаҳонӣ дар хона-музейи Садриддин Айнии ш. Самарқанд бахшида ба 143-солагии рӯзи таваллуди нависанда, олим, академик ва сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ тадбир гузаронида шуд.

 

Тадбирро роҳбари хона-музей Амриддин Пӯлодов ҳусни ифтитоҳ бахшида, оиди бурда шудани корҳои таъмирӣ дар манзили номбурда ва нақши адиб дар омӯзиши таърихи халқ ҳарф зад.

Сипас, профессори ДД Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ ба сухан баромада, дар бораи хизматҳои шоёни олим ва арбоби намоёни давлатӣ Айнӣ, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, сухан кард.

 

Донишҷӯёни факултети филологияи ДД Самарқанд бо сарварии муаллимаи ин даргоҳи олӣ Гулноза Адашуллоева аз шеърҳои адиб порчаҳо қироат намуда, саҳнанамоиши "Шоҳдухтар”-ро низ ба диққати ҳозирин ҳавола карданд.

 

Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-ӯми ш.Самарқанд, бо роҳбарии омӯзгори пуртаҷриба Пури Холиқзода аз асарҳои адиб бо қироати порчаҳои пурмӯҳтаво давраро ҳусни тоза бахшиданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий