» » » Университети байналхалқии “Роҳи бузурги абрешим”- “Шёлковый путь” имрӯз ва фардо


Университети байналхалқии “Роҳи бузурги абрешим”- “Шёлковый путь” имрӯз ва фардо

 

Дирӯз дар Самарқанд бо ташаббуси департаменти рушди сайёҳии вилояти Самарқанд ва Вазорати туризми ҷумҳурӣ, дастгирии ҳокимияти вилоят сайёҳати инфо-тур ташкил карда шуд.

 

Даставвал намояндагони ВАО дар Университети туризми Самарқанд "Шёлковый путь шуданд. Қобили зикр аст, ки 28-июни соли 2018-ӯм бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, дар Саммити Циндаои давлати Китой пешниҳоди ташкили университети мазкурро дода буданд. Ҳамин тавр, намояндагони ВАО-и республика ва вилояти Самарқанд дар ин даргоҳи олии бонуфуз шуда, бо шароитҳои хонишӣ аз наздик шинос шуданд.

 

Қобили зикр аст, ки дар университети мазкур дар зиёда аз 20 самти хонишии бакалаврӣ ва магистрантӣ, ки се самти дигари калони коммуникатсионӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро муттаҳид мекунад, хоҳишмандон метавонанд сайёҳиро омӯзанд.

 

Тибқи фикри эксперт-коршиноси байналхалқӣ самти туризм дар мамлакати мо бо дастгирии ҳукумат ва роҳбари давлатамон бо қадамҳои устувор ба пеш рафта, хизмат ба сайёҳон ба стандартҳои ҷаҳонӣ баробар карда шуда истодааст.

 

Вазири варзиш ва туризми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ректори Университети байналхалқии туризм дар Самарқанд Азиз Абдуҳакимов дар рафти дидан кардани намояндагони ВАО-и республика ва вилояти Самарқанд аз салоҳияти туристии вилоят, ҳамроҳӣ намуда, дар бораи имкониятҳои ин даргоҳи бонуфузи республика маълумотҳои мушаххас расонид.

Комментариев: 0
Добавить комментарий