» » » Вазирон дар Самарқанд кадом масъалаҳоро ҳал намуданд?


Вазирон дар Самарқанд кадом масъалаҳоро ҳал намуданд?


Ҳангоми ташриф ба Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба рушди туризм, варзиш ва соҳаи маданият вазифаҳои муҳим супориданд. Аз ин ҷо, бо мақсади дар ҷойҳо баррасӣ ва иҷро намудани вазифаҳои мазкур, тадбиқи қарору фармонҳо роҳбарони ташкилот, идора ва вазоратҳои дахлдори республика назди намояндагони Васоити Ахбори Оммаи Самарқанд ҳисобот доданд. Қобили зикр аст, чунин анҷумани ҳисоботӣ дар таҷриба бори аввал тадбиқ мегардад.

Даставвал ҷонишини сарвазири республика Азиз Абдуҳакимов оиди вазифаҳои аз баромади роҳбари давлат бароянда дар бораи самти варзиш ва сайёҳии консепсияи "Аэропорти Самарқанд-дарвозаи туризми байналхалқӣ” маълумот расонид.

Ҷонишини сарвазир инчунин дар бораи "Маскани туризми Самарқанд”, ки дар ҷониби канали қаиқронии ноҳияи Самарқанд ҷой гирифтааст, сухан карда қайд намуд, ки баъди ба кор даромадани манзили мазкур наздики 2 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин карда шуда, ин сӯйи шаҳри бостонӣ ба манзили истироҳатӣ-фароғатии хеле шинам ва зебои сайёҳӣ табдил дода мешавад.

 

Тибқи фикри роҳбари агентии кинематографияи ҷумҳурӣ Фирдавс Абдухолиқов фармони Президенти мамлакат аз 7-апрели соли равон соҳаи кинематографияро ба зинаи нави фаъолият баровард ва ба банаворгирии босифаттарини киномаҳсулот асос гардид.

Вазири маданияти ҷумҳурӣ Озодбек Назарбеков дар нутқи хеш гуфт, ки дар 90-то Шӯрои шаҳрвандони маҳаллаҳои Самарқанд "Маҳфилҳои маҳаллагӣ” ташкил карда мешавад.

Ба муносибати 100-солагии театри драмаи шаҳри Каттақӯрғон бошад, тайёрии хуб дида мешавад. Инчуни дар рафти дидан кардани кор дар соҳаи маданияти Самарқанд гуфта шуд, ки масъалаи кадрҳоро низ аз нав дида мебароянд.

 

Масъалаи рушди варзиш дар вилоят муҳокима гардида, дар бораи рафти тайёрӣ ба анҷумани бонуфузи байналхалқӣ ахборот дода шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий