» » » Минбаъд дар Самарқанд гази табиӣ бисёр карда мешавад ё гази моеъ?


Минбаъд дар Самарқанд гази табиӣ бисёр карда мешавад ё гази моеъ?


Боздиди расонаҳои Ахбори Оммаи вилоят дар маҳаллаи ”Навбоғчиён”-и ш.Самарқанд аз дидан кардану назорати гузошта шудани ҳисобкунакҳои "доно” барои ҳар як хонадони маҳалла оғоз гардид.

Қобили зикр аст, ки боздиди мухбирон бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти мамалкат аз санаи 24-сентябри соли 2020-ӯм "Оид ба чораҳои иловагии тадбиқи лоиҳаи "Ҷорӣ намудани сохтори ҳисоби автоматикунонии назорати гази табиӣ”” ва дида баромадани тадбиқи сохтори автоматикунонии таъминот бо гази моеъ, дастгирии фаъолияти тадбиркорон дар ҳудуди озоди иқтисодии "Ургут ташкил карда шуд.

 

Мухбирон даставвал дар шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи "Навбоғчиён”-и ш.Самарқанд шуданд. Дар маҳаллаи номбурда 720 оила зиндагонӣ карда, гузошта шудани ҳисобкунанкҳои "доно” имконияти тақсими якхели гази табииро ба ҳар як хонадони аҳолии маҳалла медиҳад.

Пасон, намояндагони ВАО-и вилоят дар яке аз манзилҳои ноҳияи Ургут шуда, бо гузошта шудани қубурҳои калони гази табиӣ, ки бо мақсади дастгирии тадбиркорони ҳудуди иқтисодии озоди "Ургут” ба роҳ монда шуда истодааст, шинос шуданд.

 

Сипас, ташкилотчиёни пресс-тури мазкур дар массиви "Мерганча”-и ҳудуди иқтисодии озод шуда, бо нуктаи коллектории батартибдарории гази табиии марказонидашуда, шинос шуданд.

Дар рафти сафар расонаҳои ахбори оммаи вилоят бо кори ходимони "Ҳудудгазтаъминот” дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Ургут, ки ба хонадонҳо гази моеъ-газбаллонҳо иваз мекарданд, аз наздик шинос шуданд.

 

Мухбирон дар шохоби пур кардани зарфҳо-газбаллонҳоро бо гази моеъ аз рафти бурда шудани корҳои таъмирӣ, холӣ карда шудани баллонҳои газӣ аз боқимондагии гази табиӣ ва ҷараёни кори филиали ноҳиявии "Ҳудудгазтаъминот” ҳам маълумот гирифтанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий