» » » Омадани сайёҳон ба Самарқанд дар рафти давомнокии карантин чӣ гуна аст


Омадани сайёҳон ба Самарқанд дар рафти давомнокии карантин чӣ гуна аст


Самарқанди куҳан, Самарқанди бовиқор, Самарқанде, ки оламиёнро бо мавҷудияти ёдгориҳои таърихиву бетакрораш доимо дар ҳайрат гузошта меояду меомад, доимо бо омаду рафти сайёҳон пурнуру дар "ҷӯшу хурӯш”буд. Имрӯз бошад, шаҳри таърихии шуҳратёр дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ва давом ёфтани паҳни бемории коронавирус меҳмонони дохилиро қабул мекунад. Меҳмонони хориҷа аз давлатҳое меоянд, ки айни ҳол Ӯзбекистон бо онҳо равуои ҳавоии кушод дорад.

 

Қобили зикр аст, ки ҳукумату давлати мо таи солҳои охир баҳри нигаҳдорӣ, реконструксия ва таъмиру беҳдошти ёдгориҳои таърихиву қадими республика корҳои зиёдро амалӣ карда, имрӯз ҳам баҳри ҳифзу нигаҳдории ин иншоотҳои машҳури ҷаҳонӣ мабалағи калон ҷудо карда, дар паи ободонӣ ва боздошти биноҳои куҳнатарини оламиянд.

 

Ҳамин тавр, дар рафти гирифтани маълумот оид ба омаду рафти сайёҳон ба Самарқанди бостонӣ мо дар мадрасаи Улуғбек бо бурда шудани корҳои таъмирӣ-реставратсионӣ аз тарафи фарзандони устои машҳури ватанӣ, Қаҳрамони Ӯзбекистон Мирумар Асадов, Абдураҳмон Асадов ва шогирдонашон, Усмон Ҷабборов ва Шаҳбоз Шукуровҳо аз наздик шинос шудем.

 

Минбаъд ҳам маъмурияти маҷмӯи машҳури Самарқанд Регистон аз паи ободониву сарсабзу хуррамии ин манзили таърихӣ шуда, мекӯшанд то вақти барқарории шароити омаду рафти сайёҳони ҷаҳонӣ ин қадамҷойҳои бузургонро аз паи ободониаш бишаванд.

 

Дар шаш моҳи соли равон бошад, майдони бовиқори Самарқандро ҳамагӣ наздики 9 ҳазору 300 нафар сайёҳони хориҷӣ тамошо карда рафта, миқдори меҳмонони дохилӣ наздики 364 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

 

Ин нишондиҳандаҳо нисбати солҳои пеш аз пандемияи ҷаҳонӣ нишондиҳандаи паст аст, албатта.

Комментариев: 0
Добавить комментарий