» » » Дастгоҳи чопкунй дар Самарқанд


Дастгоҳи чопкунй дар Самарқанд


Дар байни 30 ҳазор нигораҳо-экспонатҳои нодири осорхона-музейи кишваршиносии Самарқанд пурқимматтарини он, дастгоҳи чопӣ ба ҳисоб меравад.

 

Дар осорхонаи номбурда ду шӯъбаи калон мавҷуд буда, инҳо шӯъбаҳои таърих ва табиат мебошанд. Дар толори маърифатпарварони осорхона дар бораи рушди матбуот дар Ӯзбекистон ва Самарқанд маълумот дода шудааст.

 

Тибқи маълумоти яке аз бостоншиносони осорхонаи мазкур Светлана Жукова соли 1870-ӯм дар типография-матбааи Тошканд рӯзномаи калонтарин ва муҳимтарин "Туркестанские ведомости” чоп гардида, соли 1893-ӯм дар Самарқанд рӯзномаи "Окраина” нашр мешавад.

 

Маълуматон, ки аввали асри 20-ӯм дар ҳудуди республикаи мо ҷараёни нави ҷадидӣ фаъолият бурда, намояндагони ин ҷараён тарафдори навгониҳо дар самти таълим ва маданият дар мамлакат буданд...

 

Маърифатпарвари самарқандӣ Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ва чанде дигар равшанфикрони Самарқанд соли 1914-ӯм ба чопи аввалин газета-рӯзномаҳои даврии он вақта "Самарқанд” ва маҷалла-журнали "Оина ” ба се забон: ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ сар мекунанд.

 

Инчунин рӯзномаи "Меҳнаткашлар товуши” ҳам нашр карда мешавад.

 

Дар Самарқанд солҳои 80-ӯми асри 19-ӯм аввалин типографияҳо ташкил карда шуда, он вақт онҳоро типо-литография мегуфтанд. Чунин типогафия-матбаа дар Самарқанд панҷто буда, калонтарини онҳо типография-матбааҳои шахсии Демуров ва зани давлатманд-Полторанова ба ҳисоб мерафт.

 

Дар ҳамин матбааҳо инчунин тамғаҳо барои пачка-дастаҳои чой барои фабрикаҳои навташкили ҷойқадоқкунӣ ҳам чоп карда мешуд.

 

Дар лавҳаҳои минбаъда бошад, мо оиди фаъолияти ин матбааҳо маълумотҳои васеъ дода меравем.

Комментариев: 0
Добавить комментарий