» » » Барои худсарона нобуд кардани дарахтони манзаравӣ ҷаримаи калон ситонида шуд


Барои худсарона нобуд кардани дарахтони манзаравӣ ҷаримаи калон ситонида шуд


Дар толори маҷлисии маркази матбуотии Самарқанд анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар он роҳбари садорати ҳифзи муҳити атроф ва экологияи вилояти Самарқанд Алишер Раимҷонов иштирок ва сухан кард.

Аз ҷумла нотиқ қайд намуд, ки дар асоси фармон ва қарорҳои Президенти мамлакат ва ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳифзу нигаҳдории боигариҳои зеризаминӣ, нигаҳдории гуногуниии биологӣ ва ҳифзи муайяни ҳудудҳо, олами набототу ҳайвонот ва нести ахлоттӯдаҳову тоза нигоҳ доштани атмосфераи ҳаво, ҳифзи об ва ресурҳо-захираҳои обӣ, ҳифзи замин-модар ва истифодаи босамар аз он ва ғайра корҳои амалӣ бурда шуда истодааст.

 

Аз ин ҷо, дар рафти бурда шудани корҳои амалӣ-назоратӣ, рейду тадбирҳои фаврӣ нисбати 2884-нафар шахси мансабдор ва шаҳрванд чораҳои зарурӣ дида шуда, ба маблағи 1 миллиарду 578 миллиону 727, 195 ҳазор сӯм ҷарима ситонида шуд.

 

Ҳамин тавр, дар рафти анҷумани матбуотӣ журналистону мухбирон ва блогерон ба намояндагони садорати ҳифзи муҳити атроф ва экологияи вилояти Самарқанд бо саволҳои муҳимтарини давр муроҷиат карданд.

 

Баҳсу мунозираҳо ба миён омад. Дар навбати хеш намояндагони шӯъбаҳои гуногуни садорати ҳифзимуҳити атроф ва экологияи вилояти Самарқанд ба саволҳои гузошта шуда, ҷавобҳои аниқ ва мушаххас расониданд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий