» » » Гирифтани ваксинаи зидди коронавирус дар Самарқанд дар кадом сатҳ аст?


Гирифтани ваксинаи зидди коронавирус дар Самарқанд дар кадом сатҳ аст?


Мана якчанд моҳ мешавад, ки мисли дигар ҳудудҳои республика дар вилояти Самарқанд ҷараёни ваксинасия зидди коронавирус давом дорад. Агар пештар шаҳрвандон бо эҳтиётӣ ваксина мегирифта бошанд, бо гузашти вақт ва зиёд шудани сироятёфтагон, ҳар рӯз барои эмкунӣ даҳҳо нафар самарқандиён дар рӯйхат истода, ваксина мегиранд.

 

Агар 1 апрели соли равон 60 ҳазор нафар шахс, яъне 17 % фоизи аҳолӣ ваксина гирифта бошанд, аз 2 августи соли ҷорӣ дар асоси қонунҳои махсуси ҷумҳурӣ шаҳрвандон бояд ваксинаи профилактикии COVID-19-ро ҳатмӣ гиранд.

 

Ҳамин тавр, дар тули се рӯзи охир 12 ҳазор нафар шахс аз эмкунӣ гузашта, бисёре аз шаҳрвандон ваксинаи америкоии MODERNA-ро интихоб кардаанд.

 

Самарқандиён чаҳор намуди ваксинаро гирифта истодаанд: ваксинаи ӯзбекӣ-хитоии ZF-UZ-VAC 2001, ваксинаи ҳиндустонии AstraZeneca, "Спутник-V”-и истеҳсоли давлати Россия ва ваксинаи америкоии MODERNA.

 

Дар даври аввали ваксинатсия дар вилояти Самарқанд 275 520 дозаи ваксинаи америкоии MODERNAро гирифта шуд. Нуктаҳои иммунизатсионӣ дар 11 поликлиникаҳои оилавӣ ташкил карда шуда, чанде пеш дар бозорҳои калон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии Самарқанд ҳам нуктаҳои тиббӣ кушода шуданд.

 

Масалан, агар муассисаи тиббии рақами 12-поликлиникаи оилавии шаҳрро гирем, он ҷо барои 43 ҳазор нафар шаҳрванд хизмати тиббӣ расонида мешавад. Бо ҳисоби миёна дар поликлиникаи номбурда, дар як рӯз зиёда аз 600-нафар шахс эм карда шуда истодаанд.

 

Қобили зикр аст, ки пеш аз гирифтани ваксина, ҳатмӣ бояд аз ташхиси тиббӣ гузашт. Тибқи фикри шифокорон-эпидемиологон шахсе, ки аллакай бемории COVID-19-ро гузаронидааст, вобаста ба вазнинӣ ва ё сабукии гузаронидани касалӣ, баъди 3-6 моҳи гузашти вақт, баъд бояд ваксина гирад.

 

Афсӯс, имрӯз сафи беморшудагон кам набуда, зиёд мегардад. Дар як шабонарӯз қариб сад нафар шахс гирифтори ин касалӣ шуда истодаанд. Тибқи маълумотҳо то вақти ҳозир 8 369 ҳолати сирояти коронавирус байни аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.

 

Барои пешгирии сироят дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сайт-шабакаи махсуси идораи санитарӣ-эпидемиологии осоиштагӣ ва саломатии ҷамъиятии ш.Самарқанд ташкил карда шуда, тавассути он хоҳишмандон ва самарқандиён метавонанд, дар рӯйхат ному насаби худро навишта, дар вақти аниқ ба поликлиникаи оилавӣ рафта ваксинаи зидди коронавирусро гиранд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий